Ёқути Мустаъсимӣ – хушнависи маъруфе, ки 61 нусхаи Қуръони китобатнамуда дорад
Нашр шуд 2020-10-20 14:14
Ба Ёқути Мустаъсимӣ хаттотии беш аз 60 ҷилд китобро нисбат медиҳанд. Ў 61 нусхаи Қуръони китобатнамуда дорад. Баъзе нусхаҳои он дар китобхонаи Честер Бати Дублин маҳфузанд. Инчунин нусхаҳои китобҳои « Сахифату-с-саҷҷодия», «Наҳҷу-л-балоға» ва «Гулистон»- и Саъдиро (1269), ки дар китобхонаи Осорхонаи Гулистони Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, ў китобат кардааст.
Ёқути Мустаъсимӣ номи пурааш Ҷамолуддин Абдулмаҷид Ёқут ибни Абдуллоҳи Мустаъсимӣ (фавт тақрибан 1298, Бағдод), хаттот, хушнавис ва адиби барҷастаи Шарқ. Дар хутути шашгона ва хушнависӣ маҳорати баланд дошт. Ёқути Мустаъсимиро дар таърихи хаттотӣ пас аз Ибни Муқла ва Ибни Баввоб маъруфтарин хушнавис мешуморанд.
Зиндагии Ёқути Мустаъсимӣ дар давраҳои ҳукмронии охирин халифаи Аббосиён – Мустаъсим дар Бағдод гузаштааст. Аз ғуломони тарбиятёфта ва котиби девони Мустаъсими Аббосӣ (1242-58) буд. Аз ин рў, «Мустаъсимӣ»- ро тахаллуси худ интихоб намуд. Дар шаш навъи хат – нахс, сулс, тавқеъ, риқоъ, муҳаққиқ, райҳон устоди комил буд. Ёқути Мустаъсимӣ тарзи хатти устодони гузаштаро такмил дода, дар таҳаввули он саҳми басозо гузошт. Дар овони зиндагиаш ба ў унвони «Қиблатулкуттоб» ва баъд «Султонулкуттоб»- ро доданд.
Ҳунари хушнависиро аввал дар назди Абулмуъмин Сафиуддини Исфаҳонӣ ва баъд дар ҳузури Шайх ибни Ҷайб омўхтааст. Дар маҳорати хаттотӣ Ёқути Мустаъсимӣ аз Ибни Баввоб пайравӣ мекард. Ёқути Мустаъсимӣ дар буридани сари қалам ва борик тарошидани нўги он усули устодони пешинро такмил дод. Нўги қаламро каҷ (барои борикию ғафсии ҳуруф) ва нозук буридан дар байни хаттотон аз ихтирооти Ёқути Мустаъсимӣ дониста шудааст. Хати ў аз гузаштагон бо борикӣ, нафосат ва зебоӣ бартарӣ доштааст. Ёқути Мустаъсимӣ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки Ибни Абдуллоҳи Кобулӣ, Ахмади Тойибшоҳ, Юсуфи Машҳадӣ, Муборакшоҳи Табрезӣ, Сайид Ҳайдари Кунднавис, Аҳмад ибни Суҳравардӣ муллақаб ба Шайхзода аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ба Ёқути Мустаъсимӣ хаттотии беш аз 60 ҷилд китобро нисбат медиҳанд. Ў 61 нусхаи Қуръони китобатнамуда дорад. Баъзе нусхаҳои он дар китобхонаи Честер Бати Дублин маҳфузанд. Инчунин нусхаҳои китобҳои « Сахифату-с-саҷҷодия», «Наҳҷу-л-балоға» ва «Гулистон»- и Саъдиро (1269), ки дар китобхонаи Осорхонаи Гулистони Эрон нигаҳдорӣ мешаванд, ў китобат кардааст.
Бештари осори китобатнамудаи ў бо хатти насх буда, танҳо ду нусхаи Қуръон бо хатти сулс ва райҳон навишта шудаанд. Намунаҳои хаттотии Ёқути Мустаъсимӣ дар осори дастнависи китобхонаҳои Теҳрон, Миср, Истанбул, Деҳлӣ, Қуния ва ғайра маҳфузанд.
Қабри Ёқути Мустаъсимӣ дар Бағдод, дар наздикии оромгоҳи Имоми Аҳмади Ҳанбал воқеъ аст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6 . – С. 413.
Таҳияи Марзия Зардодхонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.