Емшитеппа, харобаҳои шаҳри қадимаи аҳди Кушониён дар 4 километрии шимолу шарқии Шибирғони Афғонистон мебошад, ки тавассути Экспедитсияи муштараки Шўравию Афғонистон таҳқиқ шудааст (1969–70). Емшитеппа аз дигар шаҳрҳои аҳди Кушониён бо тарҳи мудаввар (қутраш 560 м) фарқ карда, масоҳаташ 18 га буд. Харобаҳои Емшитеппа дар шакли теппаҳои ҷудогона боқӣ монда, дар натиҷаи ҳафриёти сетои онҳо панҷ давраи бунёду азнавсозии шаҳр муайян гардид
Дяков Алексей Михайлович 17 феврали соли 1896 дар губернияи Твер таваллуд шудааст. Ходими давлатӣ, муаррих, шарқшиноси рус, доктори илмҳои таърих (1948), профессор (1952), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Сотсиалистии Федеративии Шўравии Русия (1967). Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи дуввуми Маскав (1921) ва Институти профессорони сурх.
Сардухтури дастаи марзбонони Русия дар Помир (1921-23); Комиссари халқии нигоҳдории тандурустии ҶМШСТ, баъдан ҶШС Тоҷикистон (1924-32) ва ҳамзамон мудири шуъбаи Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунист дар
Шоми дирӯз аҷаб шоми пурсафое буд. Дар толори театри Аҳорун қатори дигарон як зумра аз кормандони Китобхонаи миллӣ ҳузур ёфта ва яке аз беҳтарин намоишҳои ин театри овозадор “Исфандиёр”-ро, ки аз рӯи асари Фирдавсии бузургвор таҳия шудааст, тамошо карданд. Маврид ба ёдоварист, ки ин намоиш ҳанӯз замоне таҳия шуда буд, ки яке аз ҳунармандони маъруфи кишвар, поягузори ин театр Фаррух Қосим дар қайди ҳаёт буд ва бо гузашти 18 сол театр дубора онро эҳё
Чунин ном дорад китобе, ки охирон чоп шуд. Муаллифон дар оғоз менависанд, ки маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Саҳм ва хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан шаҳраки қадимаи Саразм ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад.
“Сарчашмаҳои таърихӣ, -қайд мекунанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои
Дар монография масоили мубрами фалсафаи иҷтимоии исмоилияи муосир, ки марбут ба танаввуи фалсафӣ, динӣ ва анъанаҳои халқии дорои хислатҳои фаромиллӣ, масоили қудрат, ҳуқуқҳо ва тааҳҳудоти исмоилиёни ҷаҳон, ақоиди таҳамулгароӣ ва гуногунандешӣ мебошанд, баррасӣ мешаванд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба масалаҳои хислатҳои иҷтимоии исмоилияи муосир тавассути гуногунандешӣ ва таҳамулгароӣ, ки ба ташаккул ва инкишофи шаклҳои гуногуни фарҳанг ва санъат, эъҷоди пойгоҳҳо барои таъмини хизматрасониҳои босифат дар соҳаҳои таҳсилот ва тандурустӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии мусулмонон мусоидат менамоянд, равона