​Китоби нав: САРАЗМ-гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик

Чунин ном дорад китобе, ки охирон чоп шуд. Муаллифон дар оғоз менависанд, ки маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Саҳм ва хидматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвари тоҷикон, махсусан шаҳраки қадимаи Саразм ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо хеле назаррас мебошад.

Сарчашмаҳои таърихӣ, -қайд мекунанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои  маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад ”.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат аз соли 2000 ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”-ро таъсис дод ва барои коҳои ҷустуҷӯиву  бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад.

Воқеан Саразм ёдгории беназирест, ки дар худ робитаҳои фарҳангии мардуми мухталифи Осиёи Марказиро таҷҷасум кардааст. Ба маълумоти Ҷованни Бокардо – мудири дафтари Осиё ва Океания дар ЮНЕСКО, Саразм бар асоси ду меъёр ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил карда шудааст.Аввалин, ки Саразм дар давраи муайяне маҳалли таҷассуми табодули фарҳангии барҷастае будааст. Он чор ҳазор сол пеш аз мелод як маркази тиҷорати ҳамон давра дар минтақа ба шумор мерафт.Ҳафриёт дар ин ёдгории таърихӣ ва кашфи баъзе аз ашё бо таври равшан нақши ин маҳалро дар мубодилот ва тиҷорати минтақаҳои ниҳоят гуногун аз ҷумла, Байнаннаҳрайн, тамаддуни Ҳинд ва хосатан Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Омили дуюм бошад, Саразм аз як навъ тамаддуне гувоҳӣ медиҳад, ки дар миёни ҳазорсолаи чорум ва сеюми пеш аз мелод дар Осиёи Марказӣ будааст. Хосиятҳои он ба ҳайси як маҳалли маскунӣ, ки беназиранд шаҳодат медиҳанд, ки ин гӯшаи дунё як тамаддуни шаҳрнишинии аввалия доштааст. Кашфи Саразм бузургтарин дастоварди бостоншиносони кишвар ба ҳисоб рафта, на танҳо аҳамияти дохиливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад. Дар солҳои Истиқлолият донишмандону муаррихони ватанӣ садҳо таҳқиқотҳои илмиро дар самти таъриху фарҳанги халқи тоҷик анҷом доданд, ки дар натиҷа ҷомеаи мо аз саҳифаҳои норавшани таърихи гузаштаи худ бархӯрдор гардид. Ин раванд барои дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷомеа, хосатан ҷавонон нақши калидӣ дошт ва дорад. Бешак ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ёдгории Саразм боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо мебошад. Аз тарафи дигар, муаррихону бостоншиносон ва дигар пажӯҳандагони ватаниро уҳдадор месозад, ки барои муаррифии ин ёдгории таърихӣ, дар сатҳи байналмилалӣ, пайваста асару мақолаҳои илмӣ таълиф намуда, дар конфронсу симпозиумҳо ширкат намоянд.

Исроил Иброҳимов, мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ