Соли 2020 дар марказҳои забономӯзии Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 350 нафар барои омӯзиши забонҳои мухталиф номнавис шуданд ва 211 нафар давраҳои омӯзиширо хатм карданд. Онҳо бештар касоне буданд, ки барои дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар омода мешуданд. Дар миён донишҷӯён ва хонадагони мактабҳои миёна низ буданд. Шавқи хонандагон бештар ба омӯзиши забонҳои русӣ, забони олмонӣ, забони кореягӣ ва чинӣ зиёд аст.
Як самти фаъолияти Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши забонҳои хориҷист. Ин даъватҳо ва ҷалби бештари хоҳишмандон бар пояи барномаҳои забономӯзии Ҳукумати кишвар сурат мегирад. Ҳамчуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем».
Малика Абдуллоева,
шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.