Ёдгоров Комил 6 майи соли 1950 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Расссом, наққош. Рассоми халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе (1971) ва Институти давлатии рассомии Маскав ба номи В. И. Суриков (1978). Роҳбари бадеии маҳфили рассомии Хонаи пионерони ноҳияи Масчо (1971-73), муаллими Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов (1979-81), рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон (1981-92), Котиби ИР Тоҷикистон
«Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Рисолаи мазкур бо ибтикору мусоидати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ва рўзномаи «Нигоҳи халқ» нашр гардидааст. Дар муаррифии китоб омада, ки имрўз дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоди ғайримунсифона нисбат ба сиёсати давлатӣ ба чашм мерасад, ки бевосита як навъ ҳуҷум ба машраби фикрии ҷомеа, бавежа ҷавонон буда, аз ҳар як фарди худогоҳ зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Рисолаи мазкур ҷавобнома ба чунин пиндорҳои ғаразноки гурўҳе аз нотавонбинон аст, ки бо ҳар роҳу баҳона ва ҳар шаклу тарона ба интиқоди сиёсати давлатӣ мепардозанду кулли комёбиҳои бузурги моро нодида мегиранд. Раиси ин ноҳия