Ёдгоров Комил 6 майи соли 1950 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Расссом, наққош. Рассоми халқии Тоҷикистон (1999). Хатмкардаи Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе (1971) ва Институти давлатии рассомии Маскав ба номи В. И. Суриков (1978). Роҳбари бадеии маҳфили рассомии Хонаи пионерони ноҳияи Масчо (1971-73), муаллими Омўзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов (1979-81), рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон (1981-92), Котиби ИР Тоҷикистон (1987-92). Аз соли 1992 дар ноҳияи Масчо зиндагӣ ва эҷод мекунад.
Ёдгоров рассоми монументалӣ аст. Нахустин наққошии шогирдонаи Ёдгоров «Марги Робияи Балхӣ» (1972) ном дошта, шоираро дар даруни ҳамоми тафсон дар ҳоли дар девори гармоба бо хуни хеш навиштани мисрае тасвир кардааст.
Аввалин асари касбии ў - «Парастуи нахустин» ба аввалин омўзгорзанони водии Рашт Абдуллоева Сайрамбибӣ, Гадоева Оламбибӣ ва Қосимова Маълумбибӣ, ки 16 апрели 1929 дастаи босмачиёни Фузайл Махсум ба қатл расонидаанд, бахшида шудааст.
Баъдан мусаввараҳои «Гулҳои Зарафшон» (1980), «Ошёни Норак», «Парастуҳои заминҳои навкорам» (1982), «Ағбаи Шаҳристон», «Пиллаи Дилварзин» (1983), «Нон» (1984) ва ғайра ба ў шуҳрат оварданд. Асарҳои ҷолиби Ёдгоров дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Фоҷиаи булбул» (аз ҳаёти сароянда К. Қурбонов), «Нури ситораи дур» (ба муносибати 1100- солагии давлати Сомониён), «Тарки дарбор» (ба муносибати 1150- солагии Абуабдуллоҳ Рўдакӣ), «Қатли шоир» (ба муносибати 150 - солагии Нақибхон Туғрал), «Суғддухтарон», «Ҳамсояҳо», «Атои Худо», «Субҳ», «Даравгар» ва ғайра мебошанд.
Акси асари «Тарқи дарбор» - и Ёдгоров (2009) дар Эрон ба номи «Тарки Бухоро» интишор ёфт, ки мазмуни васеътарро касб карда, ба Бухорои бе Рўдакӣ – сардафтари адабиёти форс-тоҷик ишора мекунад. Дар мусаввараи «Қатли шоир» манзараи қатли Накибхон Туғрал дар соҳили дарёи Зарафшон тасвир гардидааст.
Ёдгоров наққоши соҳибҳунар буда, бо асарҳояш беш аз 50 иншооту иморатҳои фарҳангию давлатиро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қўрғонтеппа оро додааст.
Ёдгоров муддате дар Ҳолланд ва Булғористон зиста, чандин мусаввара офаридааст, ки ҳоло дар толорҳои Қасри шоҳии Ҳолланд ва Намоишгоҳи ҳунарҳои нафисаи ш. София маҳфузанд. Манзараҳои кашидаи Ёдгоров толори Бонки Ҷаҳониро, ки дар Вашингтон воқеъ аст, зеб медиҳанд.
Асарҳои Ёдгоров дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ, Чехословакия, Булғория, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа, Ҷопон ва ғайра намоиш дода шудаанд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – С. 404-405
Таҳияи Парвина Қаюмова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.