Кист Муҳаммад Авфии Бухороӣ?
Авфӣ дар ин мусофирати худ ба сўҳбати олимон, шоирон ва адибони зиёде мерасад ва ниҳоят соли 1219 ба Бухоро бармегардад. Дар охири соли 1220 ё аввали соли 1221, баъди ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани муғулҳо Авфӣ ба Ҳинд муҳоҷират мекунад. Дар вилояти Синд ба хизмати Носируддини Кубоча дохил шуда, бо вазири ў Айнулмулук Фахриддин тарҳи дўстӣ меафканад.
Нуриддин Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ соли 1172-76 дар Бухоро таваллуд ёфтааст. Давраи бачагӣ ва таҳсили ибтидоии Авфӣ дар Бухоро гузашта, илмҳои таърих , адабиёт, фиқҳ, санъати хатотӣ ва ғайраро омўхтааст. Вай ҳангоми дар Бухоро тахсил карданаш бо як қатор олимон ва шоиру нависандагони давр Дони Насафӣ, Шамсуддин Муҳаммади Марвӣ, Ашрафии Самарқандӣ, Ғизолии Хуҷандӣ ва дигарон мусоҳиб гардидааст.
Авфӣ пас аз итмоми таҳсил соли 1201 ба Самарқанд рафта, ба хизмати дарбор дохил мешавад ва ба мансаби соҳиби девони иншо мерасад.
Авфӣ дар Самарқанд аз донишмандони замон Абўбакри Насафӣ ва Шамсуддини Боқилонӣ сабак меомўзад.
Сипас, ў ба сафар баромада, бисёр шаҳру ноҳияҳои Марв, Хоразм (1203), Ҳирот, Нисо (1206), Сиистон (1207), Нишопур (1210), Қазвин, Исфизор ва ғайраро мебинад.
Авфӣ дар ин мусофирати худ ба сўҳбати олимон, шоирон ва адибони зиёде мерасад ва ниҳоят соли 1219 ба Бухоро бармегардад. Дар охири соли 1220 ё аввали соли 1221, баъди ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани муғулҳо Авфӣ ба Ҳинд муҳоҷират
мекунад. Дар вилояти Синд ба хизмати Носируддини Кубоча дохил шуда, бо вазири ў Айнулмулук Фахриддин тарҳи дўстӣ меафканад.
Бо хоҳиши ў дар байни солҳои 1221-1222 Авфӣ тазкираи «Лубоб – ул – албоб» - ро таълиф кардааст. Авфӣ чанде дар шаҳри Камбоят ба қозигӣ расида ва дар онҷо соли 1223 асари Абуалии Танукӣ «Ал – фараҷ баъд - аш – шидда», «Осоиши баъд аз азоб» - ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.
Пас аз ин ба шаҳри Уч рафта бо хоҳиши Носируддини Кубоча ба таълифи асари дигари худ «Ҷавомеъ – ул – ҳикоиёт», «Лавомеъ – ул – ривоёт» ва «Маҷмўаи ҳикоиёт ва ривоёти дурахшон» оғоз мекунад.
Баъди аз тарафи Шамсуддин Илтутмиш (1211-1236) барҳам зада шудани ҳокимияти Носируддини Кубоча (1228), Авфӣ дар қатори дигар аъёну ашрофи дарбор ба дасти Шамсуддин Илтутмиш афтода ва соли 1228 сокини Деҳлӣ гардид. Авфӣ ба хоҳиши вазири Шамсуддин Ултутмиш, Низомулмулки Ҷувайдӣ таълифи «Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт» - ро, ки нотамом монда буд, давом дода, онро соли 1233 ба охир мерасонад.
Инчунин Авфӣ дар пайравӣ ва вазни «Ҳадиқат – ул – ҳақиқат» - и Саноӣ бо номи «Мадоеҳ – ус – султон» асари манзум таълиф карда будааст, ки то ба мо нарасидааст. Муаллиф танҳо ду байти онро дар боби 12 қисми аввали «Ҷавомеъ – ул – ҳикоиёт» овардааст.
Дар бораи ҳаёти минбаъдаи Авфӣ, дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ахборе ба назар намерасад. Бобои Авфӣ Шарофуддин Абўтоҳир Яҳёи Авфӣ шоир буда аз ашъори ў абёти пароканда боқӣ мондааст.
Соли вафоташ маълум нест.
Хонандагон аз Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва дар бораи ӯ ин китобҳо ва мақолаҳоро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд:
Авфӣ, Муҳаммад. Ҳикоятҳо аз «Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт» // Мирзозода Х. Адабиёт, Хрестоматия барои синфи 8. – Сталинобод, 1952. – С. 196-213.
Авфӣ, Муҳаммад. Гулчини «Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт. – Душанбе: Ирфон,1966. – 170 с.
Муҳаммад, Авфӣ. Гулчине аз «Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт». – Душанбе: Ирфон, 1966. – 176 с.
Муҳаммади Авфӣ ва тазкираи ў «Лубоб – ул – ал – боб» : Шарҳи мухтасар // Мирзозода Х. Таърихи адабиёти тоҷик. – Душанбе, 1989. – Қ. 1. – С. 38-39.
Авфий, Муҳаммад. Рашки эрни жа залаган лотин. – Ташкент: Ғаффур Гулом, 2012. – 251 б.(бо забони узбекӣ)
Муҳаммад, Авфӣ. Қиссаҳо аз «Ҷавомеъ – ул – ҳикоиёт». – Душанбе: Ирфон, 2015. – 84 с.
Авфӣ, Муҳаммад. Якчанд ҳикоёт ва «Лавомеъ – ул – ривоиёт» // Тоҷикистон. – 1958. – № 1. – С. 21.
Авфӣ, Муҳаммад. Ҳикоиёт: Ба чоп тайёркунанда М Бақоев // Шарқи Сурх. – 1961. – № 8. – С. 116-117.
Авфӣ, Муҳаммад. Ҳикоёти ҳакими оқил ва марди ҷоҳил // Занони Тоҷикистон. – 1961. – № 9. – С. 23.
Авфии Бухороӣ. Чанд ҳикоят аз «Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт» // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. – 30 сентябр.
Авфӣ, Муҳаммад. «Лубоб – ул – албоб» / Таҳияи Султон Воҳидов // Садои Шарқ. – 1988. – № 3. – С. 93-99.
Авфӣ, Муҳаммад. Ҳикоят ( асри10-13) // Чашма. – 1989. – № 4. – С. 7; №5. – С. 5.
Муҳаммади Авфии Бухороӣ. Марди покиза; Ҷабр кунӣ, ҷабр бинӣ: Ҳикояҳо / Тартибдиҳанда. Ўрун Кўҳзод // Машъал. – 1989. – № 7. – С. 6.
Муҳаммади Авфии Бухороӣ. Хоби хазинабон; Саъва ва фил: Мақолаҳо // Анбоз. – 1993. – 27 январ.
Порчае аз « Ҷомеъ – ул – ҳикоёт // Анбоз. – 30 декабр.
Муҳаммади Авфии Бухороӣ. Табиб ва турнаҳо: Қисса // Анбоз. – 1993. – 21-27 апрел.
Авфӣ, Муҳаммад. Қиссаи хазинадор: Ҳикоя // Чашма. – 1990. – № 3. – С.11.
Муҳаммади Авфии Бухороӣ. «Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт» Дурдонаҳо аз асри ниёгон // Адабиёт ва санъат. – 2003. – 21 ноябр.
Дар бораи Муҳаммад Авфии Бухороӣ
Бақоев, М. Ҳаёт ва осори Муҳаммад Авфӣ. Гулчини « Ҷавомеъ – ул – ҳикоёт. – Душанбе, 1966. – С. 3-20.
Воҳидов, С. Шеър аз назари Муҳаммад Авфӣ // Маориф ва маданият. – 1973. – 5 июл.
Воҳидов, С. Назаре ба афкори адабии Муҳаммад Авфӣ // Образ ва маҳорати бадеӣ. – Душанбе, 1980. – С. 39-40.
Воҳидов, С. Баъзе мулоҳизаҳо дар бораи тазкираи Муҳаммад Авфӣ: « Лубоб – ул – албоб» // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1983. – №1. – С. 44-48.
Воҳидов, С. Муҳаммад Авфӣ ва масъалаи даврабандии адабиёти форсу тоҷик // Уфуқҳои илм. – Душанбе, 1984. – № 1. – С. 56-60.
Воҳидов, С. Ҳаёт ва фаъолияти адабии Муҳаммад Авфӣ. – Душанбе: Дониш, 1989.
Тақриз: Саидӣ, С. Сарчашмаи беназир // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 23 май.
Диловаров, М., Саъдиева, Г. Ҳаёт ва эҷодиёти Авфӣ Муҳаммади Бухороӣ // Маорифи Тоҷикистон. – 2016. – №12. – С. 27-30.
Бо истифода аз сарчашмаҳои
энсиклопедӣ, таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,
корманди шуъбаи библографияи миллӣ