Олими Искандарӣ-сарояндаи ғӯрамарги тоҷик
Нашр шуд 2018-03-26 17:24
Олими Искандарӣ (Олим Бобоев) аз сарояндагони овозадори кишвар буд, ки хеле ҷавон аз олам рафт. Сабку услуби нотакрораш ва маҳорати баланди сурудани таронаҳои классикӣ беш аз дигарон миёни дӯстдорони таронаҳои ноб машҳур карда буд. Аммо дареғо, ки Олими Искандарӣ миёни мо нест. Он чӣ аз таронаҳояш дар бойгониҳо боқӣ мондаанд, гӯяндаи маҳорати волои сарояндагии ӯянд.
Олими Искандарӣ 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар хонаводаи Искандари Танбӯрӣ дида ба олам кушодааст.
Соли 1986 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро (1986) хатм карда, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият доштааст. Овози дилнишинаш овезаи гўшҳои дўстдорони мусиқӣ гардид, зеро бо таронаҳояш барои сомеъон дари ҷаҳони нави ишқу орзу, покию вафодориро боз месохт. Сурудҳои халқию классикиро дар як поя замзама менамуд.
«Модар», «Саҳаргоҳон», «Дўст медорам туро», «Фалак», «Гар намедонистамат», «Навбаҳор», «Гули ман», «Шаби маҳтоб», «Кўдаки ҷон», «Ишқи ман», «Куҷо рафтӣ ҷавониам», «Асири зулфи ту», «Худо ёрат», «Як рўз дар ҷаҳони дил», «Дареғо аз миён рафтӣ», «Фарёд зи умри гузарон», «Рўдакӣ», «Навои искандарӣ», «Ту осмони манӣ», «Дар ин анҷуман даро», «Гули хандон», «Нишона», «Раҳ дар дил аст», «Ёрон», «Дарси вафо», «Васли ҷонон» барин таронаҳо ёдгорианд аз овозхони ормонӣ.
8 феврали соли 2012 дар синни 54-солагӣ бар асари беморӣ аз олам рафт.
Бозчоп аз “Арбобони фарҳанги тоҷик: Донишнома”
Муаллиф ва муратиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ.
Дар бораи Олми Искандарӣ дар Китобхонаи миллӣ ин маводҳоро метавонед мутлиа намоед:
Сафар, А. Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам…: Ёде аз шодравон ҳунарманди асил, шашмақомсарой Олимҷон Бобоев // Рўшаноии сухан. – Душанбе: Бухоро, 2015. – С. 154-168.
Холиқ, С. Оҳанги хаёл: Сатре чанд аз рўзгори Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 11 июн.
Ҳақназар, Ш. Хунёгар: Ёде аз фаъолияти ҳунарманди ансамбли “Шашмақом” шодравон Олим Бобоев // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 6 феврал.
Таҳияи Аниса Набиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ