Нодири Одил – донишманди шинохта дар синни 87-солагӣ аз олам рафт
Нодири Одил “олими варзида, шахсияте, ки аз хурдӣ дин омӯхтаву Қуръону ҳадис омӯхтааст. Ва умре ин омӯзишҳои ҷавониро ба дигарон омӯзонидааст. Вай дар масҷиде минбар надошт, чун баъди хатми мактаб роҳи илмро пеш гирифт, фалсафа, таърих ва адабиёт омӯхт. Вале аз он замон ба имрӯз ҳаёташ аз Қуръону ҳадис ҷудо набуд. Имрӯз ҳам агар касе ба суҳбати Нодир Одилов биншинад, вай аз ахлоқи исломӣ бо ояту ҳадис ва садҳо байту ғазал нақл мекунад...”
Ин сатрҳоро ман соли 2017 ба муносибати зодрӯзаш навишта будам ва поинтар аз ин навишта боз ёд хоҳам кард. Нодири Одил-файласуфи баном, олими донишманд, инсони шариф дирӯз дар манзили худ воқеъ дар шаҳри Душанбе даъвати Худояшро лаббайк гуфт ва ба дидори Дӯст шитофт. Рафтани ҳар олим, ҳунарманд, донишманди тавоно кулфати дигареро ба шонаҳои бозмондагон бор мекунад. Мо боз муддате зери андешаҳои ин рафтанҳову монданҳо мемонем.
Ва имсол соли ҳамин рафтанҳо буда. Мо зиёд нафаронро аз даст додем, ки дар баробари хабари реҳлаташон як бори дигар қалби худро фишурда дидем. Боз ҷойеро холӣ ёфтем, боз ҳам сари ҳамин андеша такон хӯрдем: Ӯ РАФТУ БАРНАМЕГАРДАД! ВОЙИ МО, КИ БЕ Ӯ ЧӢ ХОҲЕМ КАРД?
Аз дирӯз то кунун зери ҳамин андешаҳои бе Нодири Одил будан қарор доштам: рӯзам ба шом расид, шомам ба саҳар. Ва ҳоло ин сатрҳоро рӯйи коғаз овардам.
Зиёд ҳарфе барои гуфтан надорам, чун устоди шодравонро танҳо аз навиштаҳояш мешиносам ва замони кор дар Агентии назорати маводи нашъаовар ду бор дар суҳбаташ бо кормандони ин ниҳод ширкат доштаву аз фазилату донишаш баҳра бурдаам.
Ду матлабро ин ҷо мекорам: Навиштаи Ҳуриннисои Ализода – журналисти маъруф бо номи “НОДИРИ ОДИЛИ ФОЗИЛ - инсоне аз олами хирад” ва матлабе бо номи “Аз Нодир Одилов ва дар бораи ӯ чӣ дорем, ки бихонем?”, ки 30-уми апрели соли 2017 дар сомонаи Китобхонаи миллӣ чоп шуда буд. Дар сарсухани мақолаи сомонаи Китобхонаи миллӣ инҷониб ба тарҷумаи ҳолаш ин ҷумлаҳоро илова карда буд:
Бобоҷон Шафеъ
Инак, ин ду матлаб:
Ҳуриннисо Ализода: НОДИРИ ОДИЛИ ФОЗИЛ - инсоне аз олами хирад
Нисфишабӣ хабари реҳлати УСТОД диламро фишурд. Хешро таскин додам, ки бозгашти ҳама сӯйи ӮСТ. Худро ором кардам, ки умри хубе дид. Ба худ андешаи онро, ки аз худ номе, гузошт, ки хеле овозадор асту соҳибэҳтиромро низ чун худтаскиндиҳӣ қабул кардам.
Аз осори пурғановаташ, аз пандҳои тиллоияш зимни суханрониҳояш ёд кардаму гуфтам, зиндагии сазоворе дошт, некном даргузашт.
Вале боз ҳам "даргузашт" вожаи дилхароше бароям буд. Таскин наёфтам. Олимеро аз даст додем, ОДАМЕРО барои ҳамешагӣ гум кардем.
Хостам чизеро ба хотири рӯҳи покашон, ки ҳанӯз бо мост, бинависам, алам имконам надод.
Ба арвоҳаш дуое фиристодам таскинам нашуд.
Ёдат ба хайр гуфтаму аз ёдаш берун шудам.
***
Субҳ дардномаи Марямро, ки аз дӯстону шогирдони УСТОД буд, хондаму боз андуҳам боло гирифт.
Имрӯз ба хок як донишманди бузург, файласуф ва донандаи воқеии исломро месупорем. Магар осон аст, таҳаммули он ки шахсиятеро аз даст додем, ки дар ин замони "олимон"-и хасакӣ ХИРАДМАНДе буд , воқеӣ.
Олиме буд, ки одамгарӣ тавъам бо илмаш ҳеҷ гоҳе кам нагашта ва бо гузашти солҳо меафзуд.
Марям менависад, ки агар вазири фарҳанг ё директори Китобхонаи миллӣ мебудам, намегузоштам, ки ин бузургвор замони пирӣ бе кор монад ва донишаш бе истифода .
Магар мо ашхоси чунин андешаро дарккунанда дорем? Хеле кам.
Кам одамон метавонанд бе супориши касе донишманди ҳақиқиро эътирофу эҳтиром кунанд . Дастгирӣ созанд. Замони пирӣ қадраш бидонанд. Кам.
Вале ҳастанд.
Ман Нодир Одилро дар маъракаҳои президентӣ дар раддаи аввал ва дар зиёфатҳои давлатӣ паҳлӯи Президенти кишвар медидам.
Сари мизи зиёфати шоҳона чун як марди эътирофгашта, ӯ паҳлӯи шахси аввал менишаст.
Яъне эътирофу эҳтироми ӯ аз ҷониби давлат дар сатҳи олӣ буд. Ҳатто вақте ҳама аз ҷой бармехестанд, Президенти азиз, ишора мекарданд, ки Нодир Одил нахезанд, вале маърифати волои ӯ дарки эътироф дошт.
Солҳои 2012- 2015 ман муовини директори Китобхонаи миллӣ будаму Носирҷон Салимзода директор. Нодир Одил дар аксари маҳфилҳои мо ( конфронсу ҳамоишҳо) дар минбар менишастанду бо камоли майл дар он сухан мегуфтанд.
Ӯ бо хоҳиши мо дар Китобхонаи миллӣ он солҳо маҳфили " Маснавихонӣ"- ро сарварӣ мекард, ки шунавандаҳои зиёде дошт. Ман ба ҳайси роҳбарият дар онҳо ширкат мекардам, вале шогирде будам, ки ҳар як шарҳи ин бузургворро бо камоли майл мешунидам ва аз сӯҳбатҳояшон лаззати маънавӣ мебардоштам.
Носирҷон Салимзода барои устод утоқи алоҳидае таҳия карда буданд, то он кас имкони кору эҷод дар он дошта бошанд.
Барояшон маоше ҳам ҷудо гашта буд, ҳарчанд хеле кам буду ману устод бо шӯхӣ дар ин маврид гап мезадем. " Ғайбат мекардем, вале маошҳои мо он давра ҳамин буду дигар имконе надоштем.
Хушбахт будам он рӯзҳо, ки Устод қариб, ки ба кабинети худашон намерафтанду аз хона рост ба утоқи кории ман меомаданд. Бо ҳам сӯҳбатҳои зиёде доштему ман ҳамеша ба суолҳои зиёди худ аз нигоҳи он кас посух мегирифтам.
Устод ҳатто бо шухӣ маро роҳбар меномиданду ман ҳар бор бо хиҷолати беандоза хоҳиш мекардам, ки маро гунаҳгор накунанд.
Нодир Одил он солҳо камкортар буданду ман аз ин ҳолат истифода карда аз ӯ меомӯхтам. Хоса мехостам ба масоили шариати аз назари илмии вай маълумот бигирам.
Падарвор дӯсташон медоштам.
Гоҳо шӯхӣ мекарданд, ки": ...ба ун кабинети қоқ чӣ мерам, дар ҳоле, ки бо парие имкони ҳамнишинӣ дорам. Вале ин парӣ он қадар кунҷков аст, ки мегуй одам боша".
Мо зиёд механдидему шеър мехондем, шарҳи шеър мекардем...
Вале баъди рафтани мо аз Китобхонаи миллӣ ба фикрам устодро ҳам " гуселониданд". Шояд ин ҷойи кори охирини ин хирадманд буд...
Вале чунин одамонро бояд то охири умр сарпарастӣ кард. Дар ин бора дигар иттилоъ надорам...
Хулоса ман аз дониш ва ақлу заковати эшон баҳраҳо бурдаам, ки ин нимашаб ин ҳамаро ба ёд овардаву ба ёди ин падари маънавиям ашк рехтам.
Нодир Одил ҳеҷ гоҳе хор нашудаанд. Ӯ ҳамеша дар мадди назари одамони бузургдил буданд.
Вале пирӣ ва марг ду чизи ногузиранд, ки рӯзе одамонро домангир мешаванд.
Вале ном, НОМи неки ӯ ҳамеша дар лавҳи хотири соҳибдилон ва посдорони дониш хоҳад монд.
Хотираи фавқулоддаи ин марди бузург як мавзӯи дигарест.
Ёдат ба хайр устоди арҷманд, дӯсти ифтихории ман, инсоне ки дар сӯҳбаташ буданро ман фахр меҳисобам.
Марде, ки дар ҳама давру замон ва то дами пирӣ фарҳанги муоширати воло ва нодирро доштанд. Нафаре, ки дар хурдтарин рафтору гуфтораш маърифат лабрез буд. Шахсияте, ки буданаш, зистанаш дар замони мо боиси ифтихори мост.
Хонаи охиратат обод бод, падари азиз, инсони хирадманди нотакрор ва марди саропо фарҳанг ва маънавият.
Нодире, ки нодиртарин буд, Одиле, ки одилтарин монд. Фозиле, ки камназир аст...
Магар Худованд худашон фармудаанд, ки ном насаби ин инсон ҳамагӣ ба хирад пайванд дошта бошад?
НОДИР+ОДИЛ+ ФОЗИЛ= ИНСОНИ БУЗУРГ!!!
Худованд раҳмату мағфиратат кунад, УСТОД!
ХХХХ ХХХХ ХХХХ