Activities calendar

16 сентября 2019

Духтари баҳор

   Аз гуле ба номи Хиромон, ки як баҳор оварду як баҳор буд, аммо накҳаташ монд дар баҳорон.

   Китобе, ки мехоҳем дар борааш нақл кунем, “Духтари баҳор” ном дорад, ки соли 2018 дар чопхонаи “Истиқбол” тоҷикиву русӣ ва бо ороиши хеле зебо чоп шудааст. Китоб аз ҳаёти хеле кўтоҳ, вале пурмазмуни духтараке бо номи Хиромон ҳикоят мекунад. Вай ҳамагӣ чаҳордаҳ сол умр дид, аммо дар ин умри кўтоҳ тавонист азизу  маҳбуб бошад. Ҳатто дар хориҷи кишвар – дар Аврупою, Амрико шахсоне ҳастанд, ки ўро медонанд ва ба заковати ў аҳсант мехонанд.

   Хиромон бо истеъдоди худододаш назаргоҳи дидаҳо гашт.

Мирзо Боқӣ – шоири маъруфи кишвар дар остонаи 75-солагӣ аз олам даргузашт

   Мирзо Боқӣ - шоири маъруф, файласуф, мутарҷими борикназар, инсони камназир дирӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам рафт. Шоире буд хиёбонгард, ҳамеша ӯро метавонистӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ғарқи андешаву тафаккур бубинӣ. Шеърҳояш мазмуни фалсафӣ доранд, ашъораш бо назму наср омехтаанд. Ҳикоя ҳам гуфта, вале мисли он ки шеъреро ҳикоя кардааст. Андешаҳои фалсафии худро дар ду ҷилди китоби калонҳаҷми “Ҷовидоннома” ҷой додааст. Шоирест, ки ҳоло ҳам дур аз назари нақди адабӣ мондааст.

   МИРЗО БОҚӢ шоир ва нависандаи тоҷик 19 декабри соли 1944 

Оғози маҳфили «Ҳамешабаҳор» баъди таътили тобистона

   Баъд аз таътили тобистона, дақиқан дар моҳи аввали хониш шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили ҳамешагии худро «Ҳамешабаҳор»-ро бори дигар пешкаши  ҳаводорон ва дӯстдорони шеъру сухан намуд. Хотирасон мешавад, ки маҳфили «Ҳамешабаҳор» давоми ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе соати 1400 дар назди шуъбаи кӯдакон ва наврасон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки маҳфили мазкур барои навқаламон ва эҷодкорон муфид буда,

Асрори ададҳоро медонед?

   Агар намедонед, пас руҷуъ кунед ба китоби М.Маҳкамов ва К.Бойматов бо номи “Асрори ададҳо”, ки нашриёти “Маориф” ба тозагӣ интишор додааст. Ин китоб аслан як дастури  методӣ  барои  хонандагон донишҷўён ва  омўзгорон аст.

  Дар китоби  мазкур  оид  ба олами  ададҳои  шавқовар , хосият  ва  қонуниятҳои  ададҳо, намудҳои  ададҳо, сеҳри  рақамҳо, асрори  ададҳо , айниятҳои  ададӣ, решаҳои  аҷоиб, квадратҳои  сеҳрнок  ва ғайра  маълумоти  муфассал  дода шудааст.

  Дар  китоб  оид ба  хосиятҳои  аҷиби  ҷамъ тарҳ, зарб тақсим  ба  квадрат  бардоштан  ва аз решабарории   ададҳо  маълумоти  

Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест...

   Мавҷуда Ҳакимова -5 уми майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ин духтараки зебои хуҷандӣ барои амалӣ кардани орзуи хеш ҷониби Душанбе роҳ мегирад ва муҳассили факультаи таъриху филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин(ДМТ) мегардад.

  Илҳоми эҷод аз овони ҷавонӣ дар ниҳодаш метапиду рӯз то рӯзбештар аланга мегирифт. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон», ба ҳайси 

Ҳафт сол пеш дар ҳамин рӯз: Даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ

   Аз даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке пуркортарин ва маъруфтарин олимони кишвар ҳафт сол сипарӣ шуд. Соати 3:47 дақиқаи субри рӯзи 16 сентябри соли 2012 устод Муҳаммадҷон Шакурӣ  яке аз муаллифони асосии Қонуни забони тоҷикӣ дар бемористони мавсум ба Ибни Синои пойтахт дар сини 87-солагӣ аз олам даргузашт.

   МУҲАМАДҶОН ШАКУРӢ 30 октябри