Баъд аз таътили тобистона, дақиқан дар моҳи аввали хониш шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили ҳамешагии худро «Ҳамешабаҳор»-ро бори дигар пешкаши ҳаводорон ва дӯстдорони шеъру сухан намуд. Хотирасон мешавад, ки маҳфили «Ҳамешабаҳор» давоми ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе соати 1400 дар назди шуъбаи кӯдакон ва наврасон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки маҳфили мазкур барои навқаламон ва эҷодкорон муфид буда, то имрӯз як қатор шоирони ҷавонро тарбия намуда, дар роҳи шеъру шоирӣ мукаммал сохтааст.
Нахуст оғози маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба ин даргоҳ хушомадед гуфт. Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Қурбонов Хайрандеш, оиди маҳфил ва паҳлӯҳои он ба иштирокчиён маълумоти кутоҳ дода, ҳамаро ба маҳфил даъват намуд. Дар ин миён шоир ва нависандаи тоҷик Маҷид Салим низ меҳмони маҳфил буд, ки ба навқаламон таманиёти зиёд намуда, аз эҷодиёти худ баҳрашон китоб тақдим намуд. Кори маҳфил нахуст аз эҷодкорони ҷавон ва маҳсули эҷоди онҳо шурӯъ гардид. Миёни иштирокчиён, нафароне буданд, ки бори нахуст дар маҳфили «Ҳамешабаҳор» ширкат меварзиданд. Эҷоду маҳсули қалами онҳо ниёзи такмил ва таҳлил дошт, ки роҳбари маҳфил як-як аз нозукиҳои каломи манзум ба онҳо гуфтан намуд ва пораҳои шеъри онҳоро ба қофия ва радифҳо ворид намуда, шакли дурусти онро барои намуна барои рӯзномаи кӯдаконаи Пайрав пешниҳод карданд.
Дар охири маҳфил намояндаи роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Р., Шоир ва нависандаи тоҷик Маҷид С. ва роҳбари маҳфил ба иштирокчиён барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуда, пайи эҷоди ҷаддид руҳандозӣ намуданд.
Замира Давлатова,
мутахассиси шуъбаи
кӯдакон ва наврасон