Биё, аз пеш бишнав гуфтугўям...
Нашр шуд 2020-06-15 14:25
Шоири ориф, ҳунарманди шинохта, коргардон, дромнавис Нуриддини Ҷаронӣ китоби нави худро бо номи “Ғазалбирён” чоп кард. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, шоир талош кардааст ғазалҳои ахиран сурадаи худро дар он ҷо диҳад ва ба ҳаводорони шеъраш тақдим намояд. Нуриддини Ҷаронӣ ҳунарманд ва коргардони театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буда, баробари дромнависӣ, коргардонӣ ва саҳнаофаринӣ боз шоирӣ мекунад. Гоҳу ногоҳ чакидаҳои хомаи худро дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ҳам мекорад, ки аз ҷониби ҳаводорони шеър хуш пазируфта мешавад. То кунун чанд китоби ашъораш чоп шуда.
Аз китоби “Ғазалбирён” чор ғазалро интихобан нашр мекунем ва барояш дар ин ҷодаи мушкил комёбиҳо таманно дореми.
Матарсон зоҳид аз маргам, ки онам мужда аз ёр аст,
Ки ман шўрида Мансурам, фано-ул- ҳаққи ман дор аст.
Касе раҳ бурд бар кўи худогоҳиву ҳақдонӣ,
Сари пайроҳаи боди Сабо бо дидаи чор аст.
Касе аз зиндагии ҷовидон дорад хабар, донад,
Ки ин печида ҳарфи пур зи асрорам чи гуфтор аст.
Мепиндорам, ки бори рўзгор омад гарон бар ҷон,
Мани девонаи ушшоқро ушшоқрафтор аст.
Зи бими марг бархе хеш карда зинда андар гўр,
Аз ин сон зиндадаргўрони бешўре маро ор аст.
Мане, ки аз майи ишқам расида қатрае бар ҷон,
Аз ин мастӣ чи мелофам, намедонам чӣ пиндор аст.
*** *** ***
Чун Сиёвуш дил тиҳӣ дорад зи кин,
Субҳи сина тоза чун шире бубин.
Эй, ки шак дорӣ, биё бо мо нишин,
Зишт гар бошӣ, бигардӣ нозанин.
Дасти мо аз домани дунё раҳост,
Оламе дорем хубу беҳтарин.
Хилвати мо зеб дорад аз ҷамол,
Чашми бино бинад ин нури ҷабин.
Дил бувад бедору бо ў кори мо,
Аз ниҳон ояд навои ў ҳазин.
Кист он бедори ин даҳри Сияҳ,
Аз само орад Сурайё бар замин.
Бо нигоҳи дигарон моро мабин,
Худ нигаҳ шав, то бубинӣ Нуриддин
*** *** ***
Гоҳе зи шароб масту девона шавӣ,
Аз ақл ҷудо, зи хеш бегона шавӣ.
Маҷнунсифат ба кўҳу ҳомун гардӣ,
Лайлӣ биравӣ суроғу афсона шавӣ.
Хоҳӣ бидиҳӣ бар ҷигари сўхта об,
Дарҳол давон ҷониби майхона шавӣ.
Хоҳӣ, ки расӣ ба авҷи иқболу камол,
Бояд ба тавоф қалби Фарзона шавӣ.
Хоҳӣ, ки ба хоби ту дарояд Аҳмад,
Сӣ дона тавон мазид, як дона шавӣ.
Гар сина туро, Ҷаронӣ, оташкада нест,
Ҳақ нест туро асири Ҷонона шавӣ.
*** *** ***
Биё, мардона биншин рў ба рўям,
Биё, аз пеш бишнав гуфтугўям
Магў ҳар ҷо бар ҳар кас, ки дурўям,
Макун ин ҷову он ҷо шумрўям,
Ки ман ин ҷо қарибам, пеши рўям.
Биё, бингар маро, ки некхўям,
Диҳад зинат диламро обрўям.
Биё, рўзе зиёрат ту ба кўям,
Ки шўйи дил ту бо шеъри сабўям.
Бигардӣ маст аз гулзори рўям.
Чу дарёям бубинӣ, на чу ҷўям.
Ки якрўям бубинӣ, на дурўям!
Нагўӣ дигарам, ки зиштхўям,
Яқин созӣ, ки марди тозахўям,
Ту худро ҷў, ки ман худро биҷўям!
Ту аз худ гў, ки ман аз худ бигўям!
Рӯнависии Малика Абдуллоева