Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям,
Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо.
МАҲФИЛИ НОЗ ‑ маҳфили висол, маҳфили шарафи дидори маъшуқ. Дар байти қаблӣагарчӣшоир аз хоби ноз сомон кардан суҳбат мекунад ва талаби илтифот дорад, аммо ин ҷо боз ҳам ба ёди маҳфили нози маъшуқвуҷуди хешро бедор ва интизори он дидор мешуморад. Саҳархез будани аҷзо дар ин мисраъ ба маънии бо тамоми вуҷуд интизор будани фурсати васл ва шарафи дидори маъшуқро дар назар дорад, ки дар сурати ибораи БА ЁДИ МАҲФИЛИ НОЗ САҲАРХЕЗ
Ин сарсухани Эшони Субҳонзод ба ҷилди нуҳуми асарҳои Ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадост, ки соли 2009 бо номи “Қӯ” чоп шудааст. Баъди ин Ҳошим Гадо даҳҳо ҷилди дигар ба китобҳояш афзуд ва кулли онҳо дидгоҳи хоси ҳунарманди шинохта ба оламу одам, зиндагӣ ва марг, одамони муосир ва арзишҳои ахлоқӣ ва ғайраро инъикос мекунанд. Мо ин сарсуханро аз китоби “Қӯ” бознашр мекунем ва умедворем хонандагон китоби “Қӯ” ва даҳҳо дигар
Ба таваллуди яке аз маъруфтарин ҳунармандони қарн, яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги кишвар Одина Ҳошим 83 сол шуд. Исми ин хунёгари нотакрор ва ин донандаи хуби таронаҳои мардумӣ тӯли ин ҳама солҳо вирди забон будаву таронаҳояш ҳамоно маъруфияти беандоза доранд. Одина Ҳошим бо овози худододу форам ва табииву марғуладори хеш аз дарди дили мардум барои мардум месароид. Садои дилпазири ин овозхони саршиноси тоҷик ба дили ҳазорон мухлисаш ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар роҳ ёфта, ўро маҳбуби қалбҳо карда буд. Дар давоми умри бобаракаташ дар санъати мусиқии классикии тоҷик ҳидматҳои арзишмандеро анҷом додаст.
Ҷумъа Қувват шоирест, ки умре дар музофот зистааст. Шеъру достонҳояш ҳама илҳом аз чашмаҳои мусаффои диёраш, кӯҳҳои сар ба афлоки зодгоҳаш. Ва ҳамин покии чашмаву васфу тараннуми гулу раёҳини диёр шеъри ӯро бештар мусаффотар кардаву ба дилҳон нишондааст. Шоири маҳбуб ҳоло ба синни мубораки 70 қадам гузошт ва матлаби зер аз ҳаёти ӯст. Ҷумъа Қувват шоир ва журналист 13 июни соли 1950 дар ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, аз соли 1971 дар корҳои рўзноманигорист.