Шарҳи байти чоруми ғазали аввали девони Бедил

Ба ёди маҳфили нозаш саҳархез аст аҷзоям,

Табассум то куҷоҳо чида бошад дастгоҳ он ҷо.

МАҲФИЛИ НОЗ ‑ маҳфили висол, маҳфили шарафи дидори маъшуқ. Дар байти қаблӣагарчӣшоир аз хоби ноз сомон кардан суҳбат мекунад ва талаби илтифот дорад, аммо ин ҷо боз ҳам ба ёди маҳфили нози маъшуқвуҷуди хешро бедор ва интизори он дидор мешуморад. Саҳархез будани аҷзо дар ин мисраъ ба маънии бо тамоми вуҷуд интизор будани фурсати васл ва шарафи дидори маъшуқро дар назар дорад, ки дар сурати ибораи БА ЁДИ МАҲФИЛИ НОЗ САҲАРХЕЗ

БУДАНИ АҶЗО даромадаааст. Ин ҷо манзури шоир ба ёди висоли маъшуқ саҳархезӣ кардан ва ҳам бедорхобӣкашидан бошад, зеро чун ошиқро дар хаёли маъшуқтамоми шаб хоб набарад, субҳро бо бедорӣ интизорӣ кашад. Манзур аз аҷзо вуҷуди инсон бошад.

Дар мисраи дувум вожаи “табассум” тимсоли шодмониву сурур бошад, ки аз дидори маъшуқ барои ошиқбирасад ва дар маҷмӯъ ДАСТГОҲЧИДАНИ ТАБАССУМ – доман кашидани суруру шодмонии ошиқро ифода мекунад ва шоир то куҷоҳо дастгоҳи чидани табассумро ба маънии аз орзуи дидори маъшуқ ва шодии пайванд ба маҳфили ёди вай оварда таъкид мекунад, ки шодии ман аз ёди дидори маъшуқ то ҳадде интишор ёфтааст, ки тасаввурнозир аст.

Ҳосили маънӣ он аст, ки ба ёди шарафи висол ва дидори маъшуќ тамоми шабро ҳамаи аҷзои ман ба бедорӣ ба сар буданд ва ин бедорӣ тамомии вуҷудамро саҳархез гардонид.

Саҳархез будан дар фарҳанги зиндагонии инсонӣ аз фазилатҳои шоиставу аҳсан ба шумор меояд, ки ба қавле файзу баракоте бар одамон ато фармояд ва ҳатто қавли маъруф аст, ки ҳар ки саҳар бихезад, Худованд атояш диҳад. Зарбулмасале ҳама ба сурати “Саҳархез бош, то комраво бошӣ” миёни мардум роиҷ аст ва сарчашмаи достони зуҳури он дар китоби “Марзбоннома” зикр шудааст. Аз сӯи дигар, ба қавле айёми субҳи содиқ аст, ки ҳанӯз вуҷуди зиндагонии ҷории мо саршор аз покизагиву назофат аст ва ин замон аст, ки фариштаҳои осмон ба замин фуруд омадаанд то лутфу марҳамат ва инояти Илоҳиро ба саҳархезон бирасонанд. Шуарои гузаштаи мо низ ба ин сабаб фазоили саҳархезиро ҳамеша ситоиш кардаанд. Аз шеъри Ҳофиз низ субҳхезиву саломатталабиро омӯхтааем, ки аз қасоиди Хоқонӣ рухсори мусаффои субҳро мушоҳида кардаем. Ин ҷо Бедил низ ёди висоли маъшуқро, ҳатто ёди он дидор, ки танҳо аз таҷаллии ҷамолӣ иборат аст ва ошиқ фақат бо шарафи дидор аз он баҳра мегираду ҳатто дар вуҷуди он нисбати вай илтифоте нест ва баръакс сӯзу гудози дигар эҷод мешавад, муҷиби саҳархез гардидани тамоми азҷои хеш мешуморад, ки дар он баракоте ва илтифоте аз ин шарафи саҳархезӣ ҳосил мешаваж. Шоир барои худ ҳамин саҳархезиро, ки дар таркиби он фаязоне аз алтофи Худовандист, саодати бузурге мешуморад, ки аз боиси ёди маҳфили нози маъшуқ ҳосил шудааст. Аз ин рӯ, ҳамин ёди шарафи дидори маъшуқ аст, ки барояш шодиву сурур нишоти фаровоне эҷод намуда, ки онро ҳадду канор нест.

Нуралӣ НУРЗОД

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук:  

               ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ.

Бо м атолиби ин саҳифа ин ҷо метавонед ошно шуд: ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ 

Шарҳи байти нахустини Девони Бедил

Шарҳи байти дуюми нахустин ғазали Девони Бедил

Шарҳи байти савуми ғазали аввали девони Бедил

Барчаспҳо: