Ғолибони озмуни асарҳои адабии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуданд
Нашр шуд 2019-08-28 09:15
Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон натиҷаи Озмун бахшида ба беҳтарин асарҳо дар соҳаи наср, драматургия, очерку публисистика ва назм дар мавзӯи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон кард. Ҳайати доварон миёни асарҳои публистистӣ, наср, драматургия асари шоиста ба озмунро пайдо накард ва се ҷоиза ба назм супуда шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни суруди миллӣ Гулназар барои «Сӣ рубоӣ бахшида ба сисолагии Истиқлолият», Шоири халқии Тоҷикистон, Камол Насрулло барои шеъри «Истиқлол» ва манзумаи «Қасидаи озодӣ» ва шоири маъруфи тоҷик Рустами Ваҳҳоб барои силсилаи манзумаи «Салом, ҳуҷҷати инсонии ман Истиқлол» ғолиби озмун ва сазовори ҷоиза дониста шуданд.
Ғолибонро муборакбод мекунем. Манзумаи «Салом, ҳуҷҷати инсонии ман Истиқлол»-и Рустам Ваҳҳобро ин ҷо мекорем.
САЛОМ ҲУҶҶАТИ ИНСОНИИ МАН – ИСТИҚЛОЛ
Дар ҳошияи китоби “Салом”
Касе, ки дафтари шеъри маро ба даст гирифт,
Суоли аввалаш ин буд: "Салом - яъне чӣ?"
Чаро на "Ҳаҷми сукут"-у на "Ашки бутемор"?
Чаро на "Нози фалак", на "Ситораи думдор"?
Чаро на "Шаршараи ашки дард", на "Фарёд"?
Чаро на "Водии Маҷнун", на "Тешаи Фарҳод"?
На "Каҳкашони хаёл"-у на "Ҷомадони ғам"?
На "Бурҷи соат"-у на "Изтироби сонияҳо"?
На "Гиряи алам"-у на "Сукут", на "Наҷво"?
Аз ин суол дилам мисли бед меларзад,
Магар "Салом" ғариб аст дар диёри мо?
Салом - рамзи саломат,
Салом - рамзи сулҳ,
Санои дўстиву покиву ҷавонмардӣ,
Нишони ҳамнафасӣ, ҳамдиливу ҳамдардӣ,
Салом - маънии лабханди кўдакон дар хоб,
Салом - нуқтаи ҷамъияти дили аҳбоб.
Салом - ҳар нафаси мост, як тасодуф нест,
Табиат аст, сиришт аст, аз таъоруф нест.
Зи шеърҳои нахустам салом бо ман буд:
"Чакомаҳои шабонгаҳ - сурудаҳои ман,
Шумо намози банда ба хуршед,
Шумо саломи ман ба сапеда,
Шумо қиёми ҳастии ман дар баробари саҳаред..."
Ва рўзҳои ғарибӣ, ки ман ба ёди Ватан
Ҳар он чи гуфта будам бар Салом биспурдам,
Чу бар кабўтари пайғомбар,
Чу бар насими саҳар:
"Ассалом, эй хоки гулафшони ман,
Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман"...
Ба рўзҳои сиёҳи Ватан, замони фироқ,
Агарчи ҷони ҳама бар салом буд муштоқ,
Зи бими он, ки мабодо салом асир шавад,
Ва ё зи кинавариҳо нишони тир шавад,
Гуфтам:
"Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабўтари ҳарами эҳтиромро накушанд".
Гузашт он ҳама кобуси ваҳшату Наврўз
Дубора дар Ватани мо қадам бизад пирўз,
Ба пешвоз расидам, дуруди ў гуфтам:
"Салом, эй пок марзи ранҷбар,
Эй Меҳани Наврўз...
Зи пушти Ҳафтхонат Ҳафтсин овардаӣ имрўз,
Нахустин син саломи мо ба ёрон бод... "
Салом баҳри тавалло,
Салом баҳри тасалло:
"Ба ҳеч ҳол тиҳӣ нест дасти марди карим,
Агар, ки ҳеч надорад, пур аз салом бувад".
Салом - мазҳари бовар, салом - рамзи нур,
Салом - асли таҷаллӣ, салом - рамзи зуҳур.
Муқаддам аст салом аз ҳама каломи башар,
Муқаддам аст дуруд аз ҳама суруди зафар.
Салом, эй ватанам - қалби захмгини ман,
Дуруди ҳамватанӣ нақш бар ҷабини ман,
Чу хатти пешонӣ,
Чу муҳри инсонӣ.
Ба ҷойи лаънату нафрин,
Ба ҷойи туҳмату дашном,
Бимон салом биборад аз осмони Ватан,
Гули дуруд бирўяд бар остони Ватан.
Чи нуктаҳои шигарф, аз Калом дорам ёд:
"Агар ба хона дароӣ, салом гўй нахуст
В-агар ба хона ба ҷуз ту касе дигар набувад,
Бигў "салом!" ту бар нафси хеш ҳамчун дўст,
Ки баҳри фитнаи шайтон раҳи гузар набувад."
"Каломи беҳуда набвад ба лафзи аҳли биҳишт,
Ҳар он чи ҳаст дар он ҷо салом ҳасту дуруд".
Баҳор, чун расад, аввал ба панҷаи гули зард
Салом бинвисад...
Хати сипор, нигар, ки ба аввалин огард
Салом бинвисад,
Ман аз ҳилоли сари маҳ "салом" мехонам,
Ва мавҷи рўди равонро салом медонам.
Салом дарси нахустини ҳар дабистон аст,
Салом матлаи тазйини рўҳи инсон аст.
Ба акси хеш дар ойина ҳам салом диҳанд,
Ба рафтагон шаби одина ҳам салом диҳанд.
Салом аввали роҳу ниҳояти мақсуд,
Чу ҷовидона замон, ки намешавад масдуд.
Чанорҳои Душанбе, бародарони ман,
Чу бигзарам зи канори шумо, дилам хоҳад
Ҳазор даст барорам чу шохаҳои шумо,
Ба барг-барги шумо бо салом панҷа ниҳам,
Ба сочҳои сари шохатон салом диҳам.
Дар ин диёри азизон, дар ин қаламрави меҳр
"Зи ҳар канор шамими салом мешунавӣ,
Замон замони дуруду сипосу эҳсон аст."
Салом - ҳарфи шаҳодат барои инсон аст.
Ба ин калом ба ман ошност нисфи ҷаҳон,
Ва нисфи дигари он низ ҳамзабони ман аст.
Чу бигзарам зи ҳузури ҳаким Фирдавсӣ,
Ки ҳамчу тўси тановар ситодааст ба боғ,
Бақои ҷовиди моро шукўҳ мебахшад,
Салом мегўям.
Зи Рўдакӣ натавон бе дуруд бигзаштан,
Ки рўди шеъри дарӣ ҷорӣ аз дуруди ўст,
Забони миллати ман матлаъи суруди ўст.
Ба Бўалӣ зи таҳи дил салом мегўям,
Ки рўйи сина фишурда китоби "Қонун"-ро,
Баланд бар сари мо карда сақфи гардунро.
Салом, Айнӣ, аё пайки субҳи озодӣ,
Ки ҳарфи рўз бувад ҷовидона осорат,
Ҳанўз сангари ту доғу гарм пайкорат,
Шикаста ҳарбаи душман ба санги деворат.
Салом, Исмоил,
Шукўҳи Сомонгирд,
Ки яктана ба ҷаҳон сарбасар ситода ҳанўз,
Ба як мадор кашон миллати парешонро,
Шуоъ мефиканӣ бар қаламрави Хуршед,
Намедиҳӣ ба қазо қисмати Хуросонро.
Салом силсилаи барфпўши кўҳи Ҳисор,
Сари сафеди ту сарсабзии диёри мост,
Ҳазор силсила пайваста бо ту ёри мост,
Зи шонаи ту кашад пар ҳумои зарринбол,
Салом, ҳуҷҷати инсонии ман -
Истиқлол!