ЗОДРӮЗИ ШАҲБОНУИ ШЕЪРИ ИМРӮЗ. Профессор Абдунабӣ Сатторзода: Даме бо Фарзонаи Хуҷандӣ дар зодрӯзи хуҷастаашон
Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё
(Меъроҷи шеър)
Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?
Сӯи он Ёри ошно наравам?
Гарчи аз хок хоксортарам,
Ҷониби арши кибриё наравам?
(“Ҳама рафтанд, ман чаро наравам?”)
Биё, бар қуллаҳои улвӣ меъроҷ мекунем.
(“Башорати дигар”)
Шаҳбонуи шеъри кунунии тоҷикӣ Фарзонаи Хуҷандӣ хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошиёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рӯ овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулӯъ ва шафақ, фурӯғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.
Эй ки маҷрои хаёламро зи борон сӯи хуршед мекашӣ.
Маро ба маҳмили худ гиру бубар,
ба ҳамон бекаронаи шафақоғӯшу гуловез –
ба дурдасти мунаввар!
(“Ба дурдасти мунаввар”)
Офтобу Субҳу Баҳору Борону Шабнаму Гулҳову Чашмаву Дарё ва ҳам Шеъру Ишқ – ду маҳбуби улвӣ ва ду ҳамраҳи муҳкаманосираш аз шинохтатарин ва нозпарвардатарин чеҳраҳои сурудаҳои ӯянд ва шоира худро бе онҳо тасаввур намекунад ва мо шеъри ӯро. Вай бо онҳо ҳаммиллату ҳамшаҳриву ҳамдину ҳаммазҳаб мебошад. Бо онҳо якҷо нафас мекашад, гуфтугӯ мекунад ва қадам мезанад, механдаду мегиряд:
Ҳаммиллати хуршедӣ,
Ҳамшаҳрии дарёӣ,
Ҳамдини баҳоронӣ,
Ҳаммазҳаби гулҳоӣ.
(“Ҳаммилати хуршедӣ”)
***
Манам ҳамшаҳрии лола, манам ҳамрустои ёс,
Пас аз сад қарн ҳам шояд чамам аз водии гулҳо.
(“Чаман андар чаман гӯям муборакбодии гулҳо”)
***
Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам,
Ҳамвусъати дили мӯр, ҳамҳаҷми кулли олам.
(“Ҳамшеваи баҳорам, ҳамшираи шакарнам”)
Ангезаи даъвати Фарзона ба олами Боло, равзанаи Нур, дунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин аз воқеъияти талхи замона – даврони ба истилоҳ гузариши “ногоҳонӣ” ва то андозае “иҷборӣ” аз як низоми сиёсӣ ба низоми сиёсии дигар, яъне аз сотсиализм ба демократия ва паёмадҳои вазнин ва номатлуби он, даврони густариши босуръат ва харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони нотайёри имрӯзӣ мебошад.
Замоне, ки ба марҳалаҳои оғозини вуруди шоира ба майдони адабиёт ва рушду камолоти шоириаш рост омад ва ҳоло идома дорад. Шоира аз замона, ҷомеа ва аҳли он бо мафҳумҳои “замони даранда”, “ҷаҳони рӯсабӣ”, “шаҳри бевафо”, “шаҳри рангбоз”, шаҳре бо “гӯши қулфбаста”, шаҳре бо “кӯчаҳои бесаодат”, “ҳечзори ҳарзаву ғафлат”, “мурдоб”, “харобаи наҳс”, ”замини олуда”, макони “хазону яғмо”, “замони садрӯ”, “хушкистони рӯҳ”, “хиёнатистон”, “нишебистон”, “тиҳигоҳи тағофул”, “тиҳигоҳи бетаманноӣ”, “билоди мурдадилон”, “фазои бемуҳаббат”, “қабристони имон”, “куфркада”, “куфрзор”, “ҷаҳони муҳкамгӯш”, “панҷараи баста”, “биёбон”, “шӯразор”, “оинаи чаппа”, “куҳнаработи номукаммал”, “ториктарин ғор”, “чархи фосиқ”, “майдони ҷиҳоди соҳирон”, “мактаби ҷодугарӣ”, “ҷомеаи бемор”, “чамани бемор”, “миллати бетӯмор”, “иҷтимои сиёҳ”, “ҷомеаи чиркин”, “иҷтимои олуда”, “иҷтимои фосид”, “иҷтимои золим”, “иҷтимои наҳс” ёд мекунад ва мегӯяд:
Дуртар аз замини олуда,
дуртар аз биҳишту дӯзаху аъроф лона мехоҳад
парандаи ҷонам.
(“Дар ҷустуҷӯи кӯчаи ҳақиқат”)
***
Дилам мутаҳҳар нест
Дар ин ғубори иҷтимоъ,
Дар ин фазои ғализи тафаккуру эҳсос,
Дар ин зулмати андешаҳои бехуршед,
Дар ин роҳи ношинос
дилам мутаҳҳар нест.
(“Башорати дигар”)
***
Бар ҷомеаи бемор, бар миллати бетӯмор
Фатвои наҷот овар, бемор нашав, модар.
(“Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар”)
***
Мебинӣ, дар ин беобиву бечароғиву бегазӣ
чӣ қадар ҷомеа чиркин шудааст.
(“Матлаъи сабзи зиндагонӣ”)
***
Зи авҷи худхариву худфурӯшӣ
Ҷаҳон гаштаст қабристони имон.
(“Саҳарнам”)
***
Андар ин куфркада шабнамаки нинимарг
Чӣ қадар фурсати будан дорад.
(“Рози лоҳут”)
***
Як ҷаҳон сухан дорам бо ҷаҳони муҳкамгӯш,
Ҳолиё, ки мехонад дар қафас дили навҷӯш.
(“Себарга”)
Ин замон, ин ҷомеа ва аҳли ин замону ин ҷомеа маҳдуд ба як кишваре, ба як мамлакате ва ба як миллату қавме нест. Ин замону ин ҷомеа ва аҳли онҳо, ки шоираи тоҷик мудели адабию ҳунарии онро бозтоб намудааст, ба замон, ба ҷомеаи ба истилоҳ постиндустарӣ – пасосанъатии муосири ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Вусъати назари ӯ на танҳо кишвари азизаш Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, ҷаҳони исломро, балки ҷомеаи ҷаҳониро, яъне тамоми қаламрави Шарқу Ғарб ва Осиёву Африқоро фаро бар мегирад.
Фарзона ҳушдор аз он медиҳад, ки дар ин “замонаи мунҷамид” (Лоиқ), асри атому компутар, қарни нави роботӣ одамакҳои ҳақире пайдо шудаанд, ки дили роботӣ, дили дастурӣ, дили маснӯъӣ, чашмони компутерӣ, мағзҳои сунъии компутерӣ, ишқи компутерӣ, ҳарфҳои ҷадваливу фикрҳои дастурӣ, тафаккурҳои якқолиб ва ё рӯҳи ибтидоӣ, фикри гиливу лоӣ, мағзи қадима, мағзҳои шаболуда, қалбҳои тираи бемуҳтаво, фикрҳои бетароват, чашмҳои беимон, забонҳои бевузӯ, гӯшҳои наҳспазир, ҷисмҳои бедил, тафаккурҳои яхбаста ва барфӣ доранд ва чӣ будани меҳру муҳаббат, садоқат, эътимод, нангу номус, орият, ҳиммат, ҷавонмардӣ, одаму одамгариро намедонад ва дар банди хусумату адовату хиёнату фисқу фуҷур, ҷаҳолат, қабоҳат, пастию разолат, риё, бухлу ҳасад дар мондаанд.
Эй сокини асри ҷадид!
Ба дили маснӯи шумо муборак бод
Ишқи компутерӣ.
(“Ишқи компутерӣ”)
***
Боғ дилгир шуд аз фалсафаҳои борон.
Кӯчаҳои бесаодат
ба зиндагии хокистарранг
идома мебахшанд...
Дар сутуни эълон
аксҳои даридаи ҳунарварон
хабари фавти рӯҳ мегӯянд.
Чашмҳои хунсард
ҳар нафас мегузаранд аз бари ин аксҳои садпора,
Ҳеч як чашм танаффус намекунад.
Симфонияи яъси абрҳо
шаҳрро хаста кардааст.
Пеши дарвозае якчанд марди ҷомакабуд
Баъди бархурд бо ҳақиқати марг
дар андешаҳои тираи худ гум шудаанд...
Фақат як кас ҳаст – девонаи маҳаллаи мо.
Девонае, ки ҳеч намедонад: Дар фарҳанги зиндагии мардум
Вожаҳои ҳокиме ҳаст мисли пул, риё, хиёнат...
...Боғ дилгир шуд аз фалсафаҳои борон.
Ба ҷуз он як кас...
(“Ба дурдасти мунаввар”)
***
Ҳақиқат мефурӯшанд одамакҳои ҷаҳонхора,
Ҳақиқат низ коло шуд ба бозори риё, эй дил.
(“Шабихун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил”)
***
Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон,
Дар ҳечзори ҳарзаву ғафлат ниҳонакон.
(“Эй рӯзҳои рафта, аё бенишонакон”)
Шоира бо сароҳат эълом доштааст, ки ингуна одамакҳо, лӯъбатакҳо, суратакҳо ва хӯсаякҳоро ба Дунёи шаффофи худ роҳ нахоҳад дод:
Эй ману манҳои дигар!
Лӯъбатакҳо, лӯъбатакҳои ҳақири минбарӣ,
Суратакҳо, суратакҳои виқорафрӯхта
аз ғояти беҷавҳарӣ.
Хӯсаякҳо, хӯсаякҳои ҳазоррангаву хокистарӣ.
Ман шуморо раҳ нахоҳам дод
бар дунёи шаффофам.
(“Дар ҳавошии тамаддун”)
Даъват ба сӯи Олами Боло, Равзанаи Нур, Дунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин чӣ даъватест? Ин Олами ормоние, ки Фарзона дар шеъраш барои худ ва хонандагону алоқамаандонаш сохтааст ва ҳамаро ба он ҷо мехонад, чӣ оламест? Ҳаволагоҳ ва ё Гурезгоҳ аст, ки шоира мехоҳад барои раҳоӣ аз фарши иҷтимоъ, дунёи касиф ва аҳли он ба он ҷо равад ва алоқамандонашро низ бо худ барад, то даме биосояд “зи дунёву шару шӯраш” (Ҳофиз). “Зеҳни ман,-навиштааст ӯ,- ҳамеша пур аст аз чунин парвоз, аз чунин манзараҳои рӯъёӣ, ангораҳои румонтикӣ. Ва ман бе он ки хоста бошам, аз ҳақиқати зиндагӣ мегурезам бо оғӯши он дунёи рӯҳонии зебо, ки одамҳояш, гулу гиёҳаш, осмону заминаш бӯи наҷобат мекунанд” (Фарзона.Дарёи сӯзон.-Душанбе,2014. -С. 40-41). Ва ё ин гурези ӯ Роҳҳалест барои мушкилоти иҷтимои муосир, ҷаҳони имрӯзӣ ва аҳли он.
Фарзона бовар бар он дорад, ки ба воситаи Шеър, Ишқ ва Имон - “ҳамраҳони муҳкаманосираш”, яъне маънавият, илму адаб ва фарҳанг метавон мушкилоти ҷаҳони кунунӣ ва иҷтимоъро ҳал намуд ва инсониятро ба сӯи “Фардои нозанин” раҳнамун сохт. Шоира рисолати суханварро дар он дидааст, ки “ё паёми бозгашти муҳаббат ба ҷаҳоне, ки аз иҷтимои наҳс олуда шудааст ё зангулаи имон бошад, ки дилҳоро аз кина шустушӯ диҳад ва ҷоёгоҳи ҳақиқат созад...Суханаш дилҳои афтодаро аз чоҳ то моҳ меъроҷ медиҳад” (Рӯз. “Ҷавонони Тоҷикистон”, 9 ноябри 2006). Ингуна суханро ӯ “сухани мумиёӣ” меномад ва дар хитоб ба ҳампешагонаш фармудааст, ки “сухани мумиёӣ бояд гуфт” (Фарзона. Дарёи сӯзон.-Душанбе, 2014. - С.12).
Салом, эй Шеър, эй пайки ҳамеша!
Туро ман қосиди оянда кардам.
Натарсидам, дубора Ишқ гуфтам,
Ба Имон мурдаамро зинда кардам.
(“Паёпай гиря кардам, ханда кардам”)
***
Мабодо гӯямат, эй Ишқ, дар дирӯзи ман мондӣ,
Салом, эй навтарини ман, алайке гӯ зи Фардоям.
(“Ба ҷони ту, ки ҳиҷрон мекунад, қатли таманноям”)
***
Эй Шеър, ту ғуруби маро мекунӣ тулӯъ,
Эй Ишқ, ту ҳаёти маро медиҳӣ давом.
(“Падруд, эй сабоҳати шабнам, салом, шом”)
***
Биё, эй Шеър, эй овози Фардо!
Ба марги ман, ба марги ман зафар кун!
(“Маро, эй Шеър, тармими дигар кун”)
Шоира ният кардааст, ки самои ғуборолуди даҳрро полоиш диҳад, бо баду балои замона ба ҷанг равад, бечароғонро бар фурӯғистони нопаймудае даъват намояд, тӯдаи гумраҳро бар ҷустани имон бибарад, бо иҷтимои олуда ҷиҳод бикунад, рӯҳи башарро ба ҷониби некӣ бибарад, зиндагии бемантиқро бо паёми латифи хеш мавзун созад, одамонро аз қайди тафаккури маҳдуд ба фарохнои хуршед барад, пираҳани доғи иҷтимоъро бо фитрати мунаввари худ бишӯяд, қавми бефардоро ба самти бедорӣ бибарад, рӯҳҳоро дар ҷаҳони берӯҳ бишӯяд, барояшон дари дӯкони маърифат боз бикунад, имонҳои нимсӯхтаро рӯшанӣ бахшад, дилҳоро ташхис бикунад, меҳрубониро пайдо намояд, зиндагии башарро ба сӯи нур бибарад, ба дили ғамкашидаи мардуми офоқ муждаи рустани сурур бибарад, ҳамаи муҳаббати худро дар қаҳтии Имону қиматии Ишқ ба мардум ройгон бибахшад ва онҳоро аз дӯкони залолат наҷот бидиҳад, қалбҳои чиркинро собун бизанад, бо тирагӣ ҷиҳод бикунад, ҷӯйҳоро ба дарёҳо бипайвандад, пиндорҳои чиркинро дар ин ғубористони куфр бишӯяд, бар дили бемори халқ як ду ҳаб ҳарфи валидолӣ бибарад ва ниҳоят фарроши рӯҳҳо шавад. Ӯ мегӯяд:
Дили маъсуми ман ҷиҳод мекунад
Боз бо иҷтимои олуда.
(“Аз компутер то гандум”)
***
Як тӯдаи гумраҳро бар ҷустани Имон бурд,
Ингуна рисолат дошт ҳастии ҳақири ман.
(“Пайки малакутӣ деҳ, фархунданафири ман”)
***
Гар рӯҳи башарро набарам ҷониби некӣ,
Ҳайф аст ҳамин ҳастии пучу абаси ман.
(“Бар лолаи танҳо, ки тапад дар қафаси ман”)
***
Дар ин қарни асабонӣ
Меравам, меравам ба ҷустуҷӯи меҳрубонӣ.
(“Нотамом”)
***
Биё, зиндагонии башарро ба самти нур барем,
Ба дили ғамкашидаи мардуми офоқ
муждаи рустани сурур барем.
(“Маро хулоса накун, эй Ишқ”)
***
Ман дар ин қаҳтии Имону қиматии Ишқ
Ҳама муҳаббати худро ба шумо, эй мардум,
ройгон мебахшам...
Ман дар ин қаҳтии Имон
дар дил андӯхтаам
сад хирмани кӯҳи меҳрубониро.
(“Башорати нав”)
Тавре ки дидем, Фарзона бо он ки “дилаки нозуку худхора”, “хотироти сахт маҷрӯҳ”, “дили садруфӯъ” “қалби шикаста”, “ҳастии одиву миёна” дорад ва “содапиндору кӯдакхулқ”, “одиву заминӣ”, “хокиниҳоду ҳақназар” ва “нозбунёд” аст ва дар зоҳир ором ба назар мерасад, дар асл як вуҷуди пур аз фарёдҳост ва анҷоми рисолати фавқулода бузург ва душвореро ба ӯҳда гирифтааст ва дар ин роҳ соликонаву содиқона ва дилпурона пеш меравад.
Эй дил, эй дил чӣ орзу дорӣ,
Мурдиву боз ҳоюҳӯ дорӣ...
Дили беишқи қавм мешӯӣ,
Ба Худо кори мурдашӯ дорӣ.
Ба куҷо мебариву мерезӣ
Гиряҳо, ки дар гулӯ дорӣ.
Телефун мекунӣ ба қалби Худо
Ту, ки бо ғайб гуфтугӯ дорӣ.
(“Эй дил, эй дил, чӣ орзу дорӣ”)
Ӯ дар анҷоми ин рисолати бузург умед ба ёрию дастгирии Ёри ошно, Ҳабиби асрор, Ҷарроҳи ғайб, Ёри осмонӣ, Ёри самоӣ, Шаҳзодаи урдубиҳиштӣ, фазли Худо, Дасти мададгор, Азизи субҳсиришту рострав, рӯҳи Ҳурмузд, Дӯст, наъраи Аҳуро, Мавло, Башорати ғайб, Хуршед, Баҳор, Борон, Субҳ, Рустам, Шеър, Ишқ, Дил дорад ва аз онҳо мадад меҷӯяд:
Ҷарроҳи ғайбро гӯ, бар кӯмакам шитобад,
Ором мерабояд хоре, ки дар дарун аст.
(“Ақли ҳазортадбир, тадбири кор чун аст”)
***
Биё, дар пардаи гӯшам садо рез,
Биё, Борони рӯҳонӣ, биё, рез.
Бишӯ фикри маро бо фикри покат,
Ба хоки сифла атри кибриё рез...
Ба сидқи ман хиёнат кард олам,
Ту арши мардиӣ, танҳо вафо рез.
(“Биё, дар пардаи гӯшам садо рез”)
***
Эй кош, барад фитрати мо раҳ ба таҷаддуд,
Ин аст зи даргоҳи Худо мултамаси ман.
(“Бар лолаи танҳо, ки тапад дар қафаси ман”)
***
Қалби шикастаи ман хоҳад пизишки дигар,
К-аз ғайб мерасад ӯ бо пайки мумиёӣ.
Кай пеш мебиёяд баҳри қафаскушоӣ
Дасте, ки мебарорад дилро ба рӯшноӣ?
(“Оинаро шикастам бо ҷурми баднамоӣ”)
***
Эй ёр, Ёри хос, дар ин хазони яъс
Дар ман шукуфа банд, дар ман гул офарин...
Он Дӯст даррасид бо ҳадяи бузург
Он ҳадяш чӣ буд: Фардои нозанин.
(“Ваъалайкум ассалом, эй субҳи ростин”)
***
Рӯҳи ман, бори дигар гӯ, ассалом,
Бар Сухан, бар Нур, бар Боло, ба Ёр!
(“Номаи ноинтишор”)
***
Салом, эй Субҳ, эй пайки раҳоӣ,
Салом, эй Ишқ, эй беинтиҳоӣ...
Ба оғӯши афифат мегурезам
Аз ин ташвишҳои иҷтимоӣ.
(“Саломе ба беинтиҳоӣ”)
***
Дӯст, Дӯст, кӯмак кун, бо ҳам, эй шафақтаркиб,
Қалбҳои чиркинро мезанем собунҳо.
(“Хаста мешавӣ рӯзе, хаста аз тамаддунҳо”)
***
Зи ҳамлаҳои зиндагӣ гурезаро паноҳ деҳ,
Ту даркушоӣ, эй Сухан, маро ба хон роҳ деҳ.
Гурехтам зи мардумон, зи хеш ҳам гурехтам,
Ба хилвати ту омадам, бимон маро рафоҳ деҳ.
Хазидаам ба кунҷи ту зи фисқзори иҷтимоъ,
Маро иҷозати сафар ба офтобу моҳ деҳ.
(“Зи ҳамлаҳои зиндагӣ гурезаро паноҳ деҳ”)
Фарзона агарчи ба нақши коргари маънавият - адабиёт, шеър, фарҳанг, дину мазҳаб, ахлоқ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва иҷтимои имрӯза - бемънавиятӣ, бефарҳангӣ, фасодии ахлоқ, инсонбадбинӣ, зиндагибадбинӣ бовар дорад ва ба он имон овардааст, аз он ки ин мушкилот дар иҷтимоъ ва ҷаҳон кам нагардидааст ва ҳал нашудааст, ғам мехӯрад, дард мекашад. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки ба дастгириаш як Ҳабиби асрор, як Наҷиби бедор намеояд. Дар чунин ҳолатҳо шоира кори кардааш, шеъри гуфтаашро бекора, бетаъсир ва беҳуда шуморида, аз нобарориҳо ва шикастҳои пайдарпаяш дар “набарди нобаробари беҳуда” рӯҳафтода мешавад ва аз ин ҳама даст кашиданӣ ва ба гӯшаи инзиво рафтанӣ мешавад. Худро ба каси дар гулӯгоҳ дармондае монанд мекунад ва “танҳотарин мусофири ҷаҳон”, “мусофири хаста” меномад. Ҳатто мехоҳад ба “ҳастии бемаънояш” хотима бахшида, бо Шеъру Ишқ, ҳамроҳони доимиаш падруд бигӯяд.
Буданам чист дар ин хомӯшии беҷарақа,
Ҳастии гумшудаам, хандахариши адамам.
Чӣ заифона, чӣ гунгона, чӣ номардона
Сар фароварда ба ин бохтани дам ба дамам.
(“Рехт бар хотираи ёсуманӣ субҳнамам”)
***
Афсӯс як Ҳабиб намеояд.
Як Ҳабиби асрор,
Ки барои нафас кашидани уммед фазое бахшад.
Афсӯс, ки як Наҷиб намеояд,
Як Наҷиби бедор,
Ки ин ҷавониву пирии бесаодатро
муҳтавое бахшад.
(“Тиҳӣ”)
***
Бори дигар шикаст ёфтаам дар бархӯрд
бо иҷтимои фосид.
Хориҷ аз ҷомеаи бадтаркиб,
Хориҷ аз ҳалқаи рӯини риё,
Хориҷ аз ишқҳои бо хиёнат олуда,
Хориҷ аз меҳрубонии бо тамаъ восил,
Берун аз растухези ҷисмҳои бедил,
Берун аз тӯдаи бемуҳтавои овора,
Берун аз сайёра.
Куҷо гурезам?
Вақте ки маро чашми нописанди замон таҳқир мекунад.
Вақте ки Қосиди ғайб,
қосиде, ки хабари зинда будани ҳақиқатро дар олам
ба башар бояд расонад,
таъхир мекунад.
Вақте ки ин фазои бемуҳаббат
Хуршедро дар осмон дилгир мекунад, куҷо гурезам?
(“Аз шикаст то нусрат”)
***
Ман чӣ беҳудаам, ки аз олам
маъсумият ҷустам.
Чӣ қадар беҳуда (Ё на?) иффатамро ҳифз кардам.
Барои кӣ? Барои завол?
Барои фардое, ки чу рӯсабӣ ба покии фаришта механдад.
Барои мардуми беқиблае, ки чирк ҷустуҷӯ доранд
аз гиребони субҳ...
Гоҳе андеша менамудам, ки бо чанд қурси заҳрогин
ба ин ҳастии бемаъноям хотима бахшам.
Чаро ман бошам, вақте ки дигар зебоӣ нест,
вақте ки дигар имон нест.
Вақте ки фиреб узви комилҳуқуқи дунёст.
Вақте ки хиёнат зи вафо
дар мартаба болост.
Вақте ки накӯӣ дар хулқи касе нопайдост.
(“Матлаъи сабзи зиндагонӣ”)
***
То куҷо ҳамвор рафтӣ, эй Азизи рострав,
Дар гулӯгоҳе ту ҳам монанди мо дармондаӣ?
(“Оҳ, эй дарё, ки дар пои уфуқ сар мондаӣ”)
***
Гуфтам ба Шеър омин, хондам ба Ишқ ёсин,
Ташвиш кард ташкил дар сина сад ғамамро.
Осон набошад, эй Дӯст, дар зеҳни ин ҷамоа
То фикри дил кашидан андешаи шикамро.
Хӯрдам қасам, ки дигар ҳарфи сияҳ нагӯям,
Имрӯз бори садум бишкастаам қасамро.
(“Густурд зиндагонӣ сад кӯча печу хамро”)
***
Хуршед, ба поён нафаро, туф бикунандат,
Ҳам чашмрабо бошу ҳам аз чашм ниҳон бош.
(“Сад ҷурм гирифтӣ, ки чунин бошу чунон бош”)
***
Ният кардам, ки ҷӯеро ба дарёҳо бипайвандам,
Шикаст андар шикаст омад ҳавасҳои ҳубобиро.
(“Бигӯяндам, ки камтар гӯ суханҳои китобиро”)
***
Бо хомаи мо кай метавон кард
Ислоҳи одам, падруд, падруд.
(“Эй ёди хуррам, падруд, падруд”)
***
Дар ҷустуҷӯи равзане дар ғор раҳ гум кардаам,
Охир барандам бар куҷо, беқиблаю меҳробҳо?
(“Ҳуре нилуфарӣ”)
***
Нашустам чирки пиндори касеро,
Абаскӯшам, тиҳиям, ҳечкорам.
(“Саҳарнам”)
Бо ин ҳама Фарзона аз ормонҳои олии худ пок намудани ҷаҳони нопок ва олуда, иҷтимои фасодзада ва бефарҳанг ва даъват ба сӯи олами Улвӣ, Боло, Нуру зиё, Зебоию покӣ ва Фардои нозанин ҳаргиз даст накашидааст. Ӯ мисли пешина ба ормонҳои худ содиқ аст.
Боз боядам рафтан бар саломи Фардоҳо,
Як чароғ механдад дар ниҳояти барзан.
(“Кай маро барандозад санги лаънати душман”)
***
Ҳолиё ними нафас ҳаст.
Дар кифи кӯҳна ҳанӯз
охирин таҳмондаи ишқу ҳавас ҳаст.
Бояд ин раҳро равам
То таваллуд,
То таҷаддуд,
То Худо,
То Худ!
(“То худ”)
***
Субҳи рафтан ба самти шабнам,
рафтан ба сӯи Имон,
рафтан ба самти Туст.
Яъне ҳанӯз ҳам дилам
як хона орзуст.
(“Субҳи кушоди панҷараҳо”)
***
Ин ҳама депрессиёву оҳу афғон кам накард
Рағбати васли маро бо субҳу шоми зиндагӣ.
(“Лолахуршед атса зад аз кунҷи боми зиндагӣ”)
***
На, набоядам тан дод бар ҳуҷуми бедодӣ,
Баъд аз ин нагӯям, кош, кори ман қазоват нест.
(“Ҳар касе, ки хоҳӣ, бош, кори ман қазоват нест”)
***
Ин нақд танҳо кӯшиши ҷавоб гуфтан ба як саволи “Фарзонаи Хуҷандӣ чӣ мегӯяд?” аст. Дар он ҳатто саволи “Чаро чунин мегӯяд?” нест, чӣ ҳоҷат ба он ки пурсиши “Чӣ тавр мегӯяд?” ба миён гузошта шавад. Посух ба ин саволҳо ва ҳам пурсишҳои зиёди дигар ва баррасии масъалаҳое, монанди сабк, шеваи баён ва забон, равишҳои тасвир, ба як сухан ҳунари шоирии ӯ, ҳамчунин пайвандҳои адабии шоира бо шеъри гузашта ва кунунии форсии тоҷикӣ, бо Ҳофиз, Мавлоно, Лоиқ, Сӯҳроби Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, иртиботи ӯ бо ирфон, дину мазҳаб, нақши Фарзона дар рушди шеъри муосири тоҷикӣ ва навъҳои гуногуни он (ғазал, шеъри нимоӣ ва шеъри сапед), ибтикороти ӯ дар шеър, пайванди шеъраш бо воқеъият ва ғ. кори оянда аст ва фурсатҳои бештаре мехоҳад.
Таваҷҷӯҳи хосса ба “Фарзона чӣ мегӯяд?” аз он аст, ки, нигоранда бовар бар он дорад, ки бидуни дуруст муайян ва муқаррар намудани тарзи тафаккури шоира, ба истилоҳи ӯ “нигоҳу пиндору афкору маъниву ҷавҳару мояву лоия” наметавон ба пурсишҳои дигару масъалаҳои дигари фаъолияти офаринишиаш посухи саҳеҳ дод.
Ниҳоят, кӯшиш намудан ҳанӯз маънои онро надорад, ки нигоранда дар ҷавоб ба саволи гузоштааш тавфиқ ёфтааст. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар чунин маврид фармудаанд, ки “Он чи мақсуд аст, дар иборат намеояд. Он чи дар иборат меояд, адои мақсудро намешояд”.
Абдунабӣ Сатторзода, профессор
АЗ ФАРЗОНА ВА БАРОИ ФАРЗОНА ДАР СОМОНАИ МО:
ФАРЗОНА: Хамсафарӣ бо Устод Каноат ва ёди лолахасакхои сари деворамон