Дар нуҳ моҳ 26 нусхаи хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ шудааст

 Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 26 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро аз аҳолӣ барои харидорӣ ҷамъ овардааст. Ба толори хониши ин шуъба ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 1 432 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, бо ганҷинаҳои нодири шуъба шинос шуданд.

 Кормандони шуъбаи матбуоти даврӣ дар нуҳ моҳ ба 8 980 хонанда хизмат расондаанд. Ин афрод 31 601 рўзномаву маҷалла дархост кардаанд Тибқи дархости хонандагон ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 1 490 номгўй маҷалла ва рўзнома (барои нусхабардорӣ) пешниҳод шудааст.

 Барои таъмини талаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 36 номгўи рўзномаҳои обунавӣ, 46 номгўи рўзномаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забони тоҷикӣ, 6 номгўи рўзномаҳои обунавӣ ва 4 номгўи рўзномаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забони русӣ аз дохили кишвар, 17 номгўи рўзномаҳои ноҳиявӣ, моҳе ду маротиба 3 номгўи рўзномаҳои обунавӣ аз хориҷи кишвар, 22 номгўи маҷаллаҳо бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забони тоҷикӣ, 2 номгўи маҷалла бо нусхаҳои ҳатмӣ ба забони русӣ аз дохили кишвар ва 23 номгўи маҷаллаҳо бо нусхаҳои обунавӣ аз хориҷи кишвар қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣ ба фонди шуъбаи матбуоти даврӣ ворид карда мешаванд.

 
Барчаспҳо: