Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии китоби “Знакомство с Таджикистаном” баргузор гардид, ки ахиран дар шаҳри Пекин чоп шудааст. Дар сарсухани китоб омада, ки аз соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботҳои дипломатӣ барқарор карданд ва аз он замон то кунун шарикони асосии стратегӣ шудаанд.