Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии китоби “Знакомство с Таджикистаном” баргузор гардид, ки ахиран дар шаҳри Пекин чоп шудааст. Дар сарсухани китоб омада, ки аз соли 1992 Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботҳои дипломатӣ барқарор карданд ва аз он замон то кунун шарикони асосии стратегӣ шудаанд. Равобити байни ду кишвар аз сол ба соли дигар рушд меёбад. Сафарҳои пайвастаи роҳбарони ду кишвар ба мамолики ҳамдигар, вазирону раисон, соҳибкорону тоҷирон, олимону суханварон ва ғайра яке аз омилҳои аслии таҳкими робитаҳо миёни ду кишвар мебошад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода навиштааст, ки Тоҷикистони муосир дорои имкониятҳои зиёди сайёҳӣ мебошад. Мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, табиати биҳиштосо ва нодири ин кишвари офтобӣ далели ин гуфтаҳост. Ҳунарҳои бадеӣ ва мардуми рушдёфтаи таърихӣ ва муосир баёнгари фарҳанги волои ин миллати қадима ва созанда аст. Илму адабиёти классикӣ ва замонавӣ гувоҳ аз маданияти баланди миллати тоҷик аст. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Тоҷикистон соҳаи туризм хеле рушду нумӯ ёфта, якчанд мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бадеӣ ба феҳристи Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Сайёҳи ташрифоваранда ба ин кишвари орзуҳо бевосита бо табиати зебову нодир, ҳунарҳои мардумиву бадеӣ, урфу одатҳои қадима, санъати меъморию сохтмонии замонавӣ ва қадима, хӯришҳову хӯрокҳо ва дигар пухтаниҳо аз наздик шинос мешавад ва ба худ асрори ин фарҳанги қадимаро то ҷое кашф менамояд.
Тоҷикон мегӯянд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Пас биёед ва бо чашми худ бубинед!
Дар рӯнамоии китоб зумрае аз донишмандон, пажӯҳишгарон, кормандони давлатӣ аз Тоҷикистон ва Чин ширкат доштанд.
Фарзонаи Мирзо
Аксҳои Хусрави Милод