Ободонии рӯзҳои охири Китобхонаи миллӣ дар аксҳо
Нашр шуд 2017-07-04 12:36
Рӯзҳои истироҳати гузашта низ барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзҳои ободонию низофат буд. Рӯзҳои гарми тобистон вижагиҳои худро доранд. Беназорат мондани гулҳо дар гармои шадид муҷиби он мешавад, ки гулҳо аз беобӣ пажмурда шаванд. Ва сабаби назорати ҳамешагӣ низ ҳамин аст. Танҳо як боғбон наметавонад ҳотаи саропо гулафшону сабзро пурра нигоҳубин кунад. Аз ин рӯ кормандон худро муаззаф медонанд, ки ҳамеша дар нигоҳубини гулистони бунёдкардаи худ талош кунанд.
Рӯзи душанбе тибқи низоми маъмул дар Китобхона рӯзи беҳдошт эълон шуд.
Аксҳое, ки ҳоло мебинед, ҳикоятгари ободонии ду рӯзи истироҳати гузаштаанд.