Дар ҷашни Сада ҳамон ғизову ҳамон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, кўзаву оҳану табару қуроқдузӣ, чанд болишт ва ҳатто меваҳо низ ҳамонҳоянд, ки дар иди Наврўзу Меҳргон ҳастанд. Сабаб маълумоти кофӣ надоштани мардум аст. Ин айби баргузоркунандагони ҷашни Сада нест. Айби мо олимон аст, ки иттилоъро ба воситаи мақолаву китобҳо пешкаши мардум намекунем. Дар робита ба ин китоби навамро бо номи «Сада - ҷашни гармию нур» нашр намудам.
Дар ин бора Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Дилшод Раҳимӣ дар мизи мудавваре, ки имрўз соати 10 таҳти унвони «Сада муждаи нахусти баҳор аст» бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳанӣ баргузор гардид, ибрози назар намуд. Дар ин нишаст муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода ва Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг Дилшод Раҳимӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ба андешаи Дилшод Раҳимӣ ба ҷашни Сада меваҳо хос аст, чун иди баракату меваву боғдорист. Иди Сада, ки ба фасли зимистон рост меояд, бештар хушкмеваву шириниҳо, аз қабли ҳалво, маҳсулоти қаннодӣ пиставу бодому чормағз ва мураббо, шириниҳои тарбузу харбузу олуча хос мебошад.
Ў аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрўзҳо дастархони мардуми моро қандҳои хориҷӣ ва шоколадҳон, ки коғазҳои зебо доранд, оро медиҳанд. Агар ин қандҳоро озмоишгоҳ барем ва ташхис кунем, мебинем таркиби онҳо пур аз маводҳои шимиёӣ, рангҳову хушбўкунандаҳо ва консентратҳост, ки ба саломатӣ зиён дорад.
Аммо ҳалвоҳои мо асоси табиӣ доранд. Ба ҷашнҳои мо меҳмонони аз хориҷ бисёр меоянд. Агар ба дастархонамон ин қандҳои хориҷии шимиёиро гузорем, онҳо назар намекунанд. Онҳо худашон безор шудаанд аз ин шоколаду қандҳои зараовар, гуфт Дилшод Раҳимӣ.
Ба андешаи Директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот оташ ё гулхан рамзи асосии Сада аст. Он бояд дар ҳар майдон ба таври рамзӣ афрухта шавад. Оташи баланд, ки дар сарчашмаҳо омадаст, зарурат надорад, чун мумкин аст сабаби сӯхтор шавад. Метавон дар ягон гўшаи боғ, ки бехатарии сухтор таъмин аст, гулшане афрўхт.
Маврид ба ёдоварист, ки иди Сада ба гуфти Фирдавсии бузург, пас аз он кашф шудааст, ки Ҳушанг тарзи истифода бурдани оташро ихтироъ кард. Ў сангеро ба сўи море партоб кард, санг ба санги дигаре бархўрд ва оташ баромад. Аз он рўз ҷашни Садаро таҷлил мекунанд.
Тибқи хабари сарчашмаҳо Сада дар замони Ҳахоманишиҳо ва баъдан Сосониёну Сомониён ҷашн гирифта мешуд. Дар давраи Ғазнавиён, шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ин ид хеле пуршукуҳ гузаронида мешуд. Аммо замони салтанати писараш Масъуди Ғазнавӣ ин ҷашн манъ карда шуд. Бо иғвои мардуми мутаассиб ҷашни Сада ҷашни оташпарастону габрҳо ном гирифт. Аммо дар байни мардум боқӣ монд ва онро дар шаклҳои гуногун ҷашн мегирифтанд. Вақте муғулҳо ба мо ҳуҷум оварданд, кули ҷашнҳои моро аз байн бурданд. Аммо мардум ҷашнҳоро бо номҳои гуногун идома медоданд.
Меҳргон, Сада, Тиргонро танҳо баъзе олимон медонистанд, ки дар ин самт кор мекарданд. Ҷашни Наврўз пуршукуҳтар ва маъмул буд ва бо номҳои Сари сол, Деги Дарвешон, Иди кишоварзон, Иди дехқон ҷашн мегирифтанд. Садаро касе ёд намекард. Бар пояи баъзе далелҳо Сада ҳуддуди 6 ҳазор шояд 10000 сол қабл пайдо шудааст.
Замони Шуравӣ вақте номҳои анъанаҳо ва ҷашну идҳоро ҷамъ карда, номнавис карданд, ба шакли китоб оварданд, номи Сада набуд. Бо номҳои гуногун ёдовар шуданд, масалан дар Бадахшон Хирпичор аст, ки то ба имрўз онро ҷашн мегиранд. Водии Рашт Қаротегину Дарвоз маросими Ҳут будааст. Дар авали моҳи Ҳут се бегоҳ дар масҷид ё аловхонаи деҳа баргузор мешуд.
Раҳима Аъзам,
шуъбаи тарғиб ва ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.