Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-04-02 19:16
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии иктоби кӯдак Рузи дарҳои боз баргузор гардид. Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳо буд.
Дар ин рўз сокинони шаҳри Душанбе, омўзгорону донишҷўёни кишвар ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ аз Ҳинд, Русия, Эрон, Афғонистон, Чин вориди Китобхона шуданд.
Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ карданд, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос карданд.
Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир карданд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуданд ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно сохтанд.
Ҳадаф аз баргузории рӯзи “Дарҳои боз” ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони кишвар имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик ошно шаванд.
Дар доираи ин чорабинӣ намоиши китоб ва ҳунарҳои мардумӣ низ доир шуд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ин чорабинӣ ҳикоят мекунанд.