Паёми сарнавиштсоз
Нашр шуд 2018-12-26 16:05
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дастаҷамъӣ шунида шуд. Ин анъанаи солҳост, ки рӯзу соати Паём ҳамагонӣ дар як толори муҷаҳҳаз гирди ҳам меоянд ва бо таваҷҷӯҳи хос фармудаҳои Пешвои муаззамро тамошо ва мешунаванд.
Паёми имсола низ чун Паёмҳои солиёни пеш саршор аз хушбиниҳо буд. Аз ҷумла Пешвои миллат гуфтанд, ки “шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 ба 9,1 миллион нафар дар соли 2018 расид ва дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати аввалиндараҷа диҳем. Мо бояд барои беҳтар намудани некӯаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намоем”.
Дар мавриди боло рафтани маоши кормандони идораҳои буҷетӣ ва нафақаи солмандон ҳарф зада, Пешвои миллат афзуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019 1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад. Дар асоси барномаҳои қабулгардида мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди забономӯзӣ ибрози назар намуданд ва гуфтанд, ки ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Пешвои миллат дар бораи саҳми бонувон дар рушди кишвар ҳарф заданд ва иброз доштанд, ки “мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст”.
Дар умум Паёми имсолаи Сарвари кишвар умедҳои рушди минбаъдаро дар қалби мардум зиндатар кард ва мо ба ин боварем, ки Тоҷикистон мо сол ба сол пеш меравад ва мушкилоти мардум камтар мешавад.