Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа шароити созгоре замина гузошт. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои махсуси давлатӣ доир ба рушди соҳаи китобдорӣ қабул гардида, дар амал татбиқ шуданд, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва таъминкунандаи масоили иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд.
Ҳамзамон, бунёд ва ба истифода додани биноҳои наву замонавии
Агар профессор Рустамбек Юсуфбеков зинда мебуд, имсол синни мубораки 95-ро пур мекард. Аммо афсӯс, ки соли 2007 дар синни 84-солагӣ олами моро тарк намуд. Шахсе буд, ки дар вазнинтарин солҳо бори пурзаҳмати пажӯҳишҳои илмиро кашидаву дар вазифаҳои пурмасъули давлаӣ кор карда. Ёдаш ба хайр!
Рустамбек Юсуфбеков 31 декабри соли 1923 дар деҳаи Рини ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба дунё омадааст. Доктори илми иқтисодӣ (1971), профессор (1973), узви вобастаи АИ Тоҷикистон (1983), Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ соли (1983). Баъди хатми (1950) Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС