Китоби нав: “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо”
Нашр шуд 2018-12-18 18:02
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри рушду нумӯи тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа шароити созгоре замина гузошт. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Зикр намудан ба маврид аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаҳои махсуси давлатӣ доир ба рушди соҳаи китобдорӣ қабул гардида, дар амал татбиқ шуданд, ки ҳамчун омили ҳуқуқӣ ва таъминкунандаи масоили иқтисодӣ дар рушди соҳа замина гузоштанд.
Ҳамзамон, бунёд ва ба истифода додани биноҳои наву замонавии китобхонаҳо дар шаҳру навоии мамлакат муҷҷаҳаз бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси мағозаҳои китобфурӯшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузор намудани намоиши байналмилаии китоб, таҷлили «Рӯзи китоб» ва ташаккулёбии таҳияи маводи таълимӣ: китобҳо ва нашрияҳои силсилавӣ бахшида ба самтҳои китобшиносию китобхонашиносӣ ва иттилоотшиносиву библиографишиносӣ ва ғайра, шаҳодати гуфтаҳои болост.
Фаъолияти библиографӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки иттилоърасонӣ ва оммавигардонии хониш дар байни ҷомеа шинохта шуда, ҳамзамон, яке аз бахшҳои асосии фаъолияти китобхонаҳо мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза бо пешрафти илму техника ва технологияи иттилоотӣ ҳар як соҳа дар ҳоли рушд ва шаклдигаркунӣ қарор доранд. Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо низ аз ин раванд бетараф нест. Чуноне, ки аз таърифи худи библиография бар меояд: библиография ҳамчун соҳаи фаъолияти илмӣ-амалӣ буда, то ба истифодабарандагон расонидани иттилоот ба воситаи дастурҳои библиографӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, фазифаи асосии библиография ба хонандагон иттиллоъ додан дар бораи осори чопӣ мебошад. Библиографони касбии ватанӣ имрӯзҳо баҳри рушду пешрафти ин соҳа ва мутобиқ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо бо талаботи рӯзафзуни ҷомеа талош ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд саҳми мутахассиси варзидаи библиографияи тоҷик, Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, устоди кафедраи Китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Гадобек Маҳмудов хеле назаррас мебошад. Гадобек Маҳмудов дар баробари масъулияти хизматӣ, доимо дар андешаю таҳлил ва навовариҳои фаъолияти библиографӣ буда, вобаста ба проблемаҳои соҳа фарзияҳои худро пешниҳод менамоянд.
Ҷадидтарин таълифоти устод, Гадобек Маҳмудов дар самти омўзиши фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо ин “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо” ном гирифтааст. Асари мазкур доир ба масоили назарӣ ва амалии библиографишиносӣ бо дар назардошти татбиқи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ-библиографӣ, маълумот медиҳад.
Бояд қайд кард, ки нашри мазкур тибқи шартномаи литсензионии №1461-08/2017К шомили НИИР (РИНЦ) КИЭ (НЭБ) буда, аз фаслҳи зерин иборат аст:
Пас аз омӯзиш ва таҳлили асари мазкур мо ба хулосае омадем, ки омӯзиши китоби “Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо”барои библиографон ва китобдорон имкон медиҳад, ки оид ба масоили равандҳои инноватсионии фаъолияти библиографии китобхонаҳо, аз ҷумла махсусияти созмондиҳӣ ва истифодабарии дастгоҳи маълумотдаҳӣ-библиографии анъанавӣ ва электронӣ, услуби таҳияи дастурҳои библиографии чопӣ ва электронӣ, истифодаи навгониҳои технологияи иттилоотӣ-комуникатсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонањо ва таълими фан1ои библиографӣ тасавурот пайдо намоянд.
Муаллиф дар таҳияи асари мазкур бештар ба осори илмии олимони рус ва тоҷик такия намудааст. Асари мазкур ба муҳаққиқону мутахассисони соҳа, донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони китобхонаҳо пешниҳод мешавад.
Сайзароб Надиров, корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон