Дар Китобхонаи миллӣ нишасти сарварони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ оғоз ба кор кард
Нашр шуд 2017-11-27 13:22
Ҳамагӣ чанд лаҳза пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) оғоз ба кор кард.
Меҳмонон дар даромадгоҳи Китобхона бо нону намак пешвоз гирифта шуданд.
Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмонони олиқадрро мухтасар бо таърихи китобхона ва имкониятҳову зарфиятҳои он ошно намуд.
Ҳамоиш бо суханони муқаддамотии Абдуҷаббор Раҳмонзода-ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз шуд.
Ҳамоиш ду рӯз идома мекунад ва дар он раисони китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ - Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон, Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ ва намоянда аз Дабирхонаи СҲИ ширкат дорнад.
Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули иттилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳо мебошад. Дар ҷаласаи коршиносон оид ба ҳамин мавзӯъҳо ва низ масъалаҳои муҳим роҷеъ ба ҳамкориҳо дар оянда мавриди арзёбӣ қарор хоҳанд гирифт.
Гузориши муфассалтар аз ҷараёни ҳамоиш интишор мешавад.