Ҷоизаи Саъдӣ имсол насиби Худоӣ Шариф шуд

Донишманди шинохтаи тоҷик, профессор Худоӣ Шариф сазовори ҷоизаи Бунёди Саъдии ройзании фарҳангии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Маросими эътои ин ҷоиза дирӯз бо ширкати Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Маросими ҷоизасупориро Директори Китобхонааи миллии Тоҷикистон профессор Сайфиддин Назарзода ифтитоҳ кард. Доктор Иброҳим Худоёр, ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо шарҳи ҳадафи озмуни Саъдӣ эълон кард, ки профессор Худоӣ Шариф, донишманди маъруфи тоҷик барои китоби “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” шоистаи ҷоизаи имсола шудааст. Профессор Худоӣ Шариф ин китобро соли 2014 навиштааст ва назари Фирдавсиро ба шеър ба риштаи таҳлил кашидааст. Як мукофоти ҳавасмандкунӣ ба профессор Равшани Раҳмонӣ барои китоби “Насри шифоҳии мардуми Бухоро” тааллуқ гирифтааст. Дар маросими ҷоизасупорӣ атрофи асари Худоӣ Шариф ва умуман ҷойгоҳи Ҳаким Фирдавсӣ дар шеъру адаби форсӣ Донишманди шинохтаи эронӣ, доктор Пурномдориён ва адабиётшиноси тоҷик профессор Баҳриддин Мақсудов суханронӣ карданд. Гуфтанист, ки Шурои илмии «Ҷоизаи Саъдӣ» аз 12-нафар донишмандони тоҷику эронӣ иборат буда, барои муайян намудани асари беҳтарин ва сазовор таълифоти зиёди соҳибқаламонро мавриди таҳлилу мутолиа қарор медиҳад. Профессор Худоӣ Шариф аз ҷумлаи маъруфтарин адабиётшиносони кишвар ва пожуҳишгари беҳамтои осори классикони адабиёти форс-тоҷик маҳсуб мешавад. Худоӣ Шариф устоди Донишгоҳи миллӣ, Арбоби шоистаи илм ва узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон аст.

Барчаспҳо: