Бузургонро бузургон зинда медоранд....

Таърихи адабиёти форсу тоҷик пур-пур аз ашъорест, ки адибон дар ситоиши ҳамдигар гуфтаанд ва ё  дар рӯзи мотами ҳамқалам шеъреву марсияе сурудаанд.
Устод Лоиқ Шералӣ ҳанӯз соли 1967 бо номи “Шеъри нав” барои устод Муъмин Қаноат шеър гуфта.
Баъди сивучор сол Муъмин Қаноат дар сӯги устод Лоиқ шеъри ҷонгудоз навишт. Ин марсия буд, рафтани Лоиқ барои шахсияте чун Муъмин Қаноат дардовар буд. Ва навишт: “ҷон будиву рафтӣ, зиндаям, ҳайронам...
Ин ду шоири дардошно, ду шаҳсутуни назми муосир дар як рӯз дида ба олам кушодаанд. Муъмин Қаноат 20-уми майи соли 1932 ва Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941.
Лоиқ Шералӣ дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт. Устод Қаноат имрӯз 85-солаги худро канори хонавода, дӯстону пайвандон ва ҳамқаламон ҷашн мегиранд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ саршор аз паёмҳои шодбошии дилбохтагони шеър ба ин ду нобиғаи шеъри муосир аст.
Муборак бод ин рӯз барои ҳамаи касоне, ки шеър мехонанд ва шоир дӯст медоранд.
Инак, аз ин ду абармард ду шеъреро ин ҷо меорем, ки барои якдигар гуфтаанд.

Муъмин Қаноат

БАРОИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Ҷон будиву рафтӣ, зиндаям, ҳайронам,
Дар васлу видои ҷону тан сарсонам.
Бо ашк марез пок дар домани хок,
Бо ханда марав ту аз лаби хандонам.

Ку зиндадиле, ки зиндадаргўр нашуд,
Ку сўзи ҷигар, ки захми носур нашуд.
Ҳамхони замон будиву ҳамрони ялон,
Пайванди замона бо замон ҷўр нашуд.

Як даст қалам кашид аз боли замон,
Як панҷа ба ёли аспи иқболи замон,
Бо ин ҳама панҷабозиҳо охири кор
Биншаставу гиря кард бар ҳоли замон.

Гирди сари ёри зор гаштӣ сад бор,
Бо шамсу қамар, ба гардиши лайлу наҳор.
Гар ёр вафо накард, ағёр чи кард,
Рангат ба хазон расиду бўят ба баҳор.

Азбаски тарабхез туро пиндор аст,
Асбоби тараб туро ғами бисёр аст.
Аз гиряи дил ашк ба рўе надамид,
З-он синаи ошиқон гулу гулзор аст.

Дар шеъри дарӣ дар ба дарӣ бисёр аст,
Танҳо дари ишқи пок безинҳор аст.
Аз Арш ба фарш ҷумла ҷўёи раҳанд,
Роҳе, ки ба ҳақ барад, паси симхор аст.

Хуршед кашида теғ бар куштани шаб,
Ранг аз рухи шаб парида чун ранги тараб,
Хуршедвашо, чӣ мекашӣ теғи нигоҳ,
Ҳуш дор, сафед мешавад мўи сиёҳ.

Лоиқ ШЕРАЛӢ

ШЕЪРИ НАВ

Ба Мӯъмин Қаноат

Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,
Ҳамчу тифли инқилоб
Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб.
Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои ӯ шуданд,
Оҳҳои хашмолудаш нидои ӯ шуданд.
Ҳар дари зиндон, ки бар рӯи асирон боз шуд,
Боби озодӣ кушуду шеъри нав оғоз шуд.
Сабки раҳгардии аскарҳост «Марши ҳуррият»,
Пеш-пеши радда гӯё табли озодӣ занад.
Шеър бо хуни дилу нӯки синон таҳрир шуд,
Дарди асроасраи таърихро тадбир шуд.
Шеър чун сарбози миллат шӯр афканду қиём:
– Интиқом аз охирин маснаднишинон, интиқом!
Калтаки сурху камону шохаю шамшерҳо
Байтҳои зарбадору тири мардафкан шуданд.
Тоҷҳо талқон шуда дар зери чархи тӯпҳо,
Тахтҳо бар тахтдорон оқибат мадфан шуданд...
Лек захми пушти Айнӣ то ҳанӯз
Дар дили ман хуфтааст.
Захми чашми устоди панҷрӯдӣ
Дар дили ман хуфтааст.
Захмҳои синаи ман қиссаи ногуфта аст.
Аз Бухоро то дили ман як ваҷаб роҳ асту бас,
Роҳи назми Рӯдакию роҳи аҷдоди ман аст.
Ман ба ин раҳ меравам пуршӯртар,
Меравам бар дуртар, бар дуртар.
Шеъри мо ҳар қадр лангардору шевотар шавад,
Захмҳои пушти Айнӣ он қадар ёбад шифо,
Чашмҳои Рӯдакӣ он қадр бинотар шавад. 10.1.1967

Барчаспҳо: