Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст...


Мо дар остонаи Рӯзи Модар қарор дорем. Рӯзе, ки бори дигар аз азамату бузургии Модар сухан меравад. Рӯзе, ки бо ҳамин баҳона фарзандон ба аёдати модарон мешитобанд, гулдастаҳо мебаранд, зиёфатҳо меороянд, то хотири онҳоро шод гардонанд. 
Бузургони мо занро фариштае медонанд,ки дар бачагӣ парастори мо, дар ҷавонӣ комбахши мо ва дар пирӣ таслиятдеҳи мост!
Азизе боз фармуда: “Агар мардон тамоми он чизе ки занон меандешанд, медонистанд,бист баробар бештар бар ҷасораташон афзуда мешуд.
Дар таърихи башар занонеро ёд надорем, ки ихтироъҳои бузург ва кашфиётҳои оламшумул карда бошанд, вале барои онҳо ҳамин кофист, ки он ихтироъкоронро ба башарият додаанд.
 Устод Мирзо Турсунзода, шоири тавоно ва Қаҳрамони Тоҷикистон як достони комилро бо номи
“Ҷони ширнин” ба ҳамсар ва хонаводаи худ бахшидаанд.
 Фирӯза Турсунзода, духтарбузурги шоири мумтоз дар мавриде дар бораи ин достон сухан ронда, онро фаротар аз як достони хонаводагӣ хонда буд. “Достони "Ҷони ширин" воқеияти зиндагии волидонам аст, саргузашти онҳост, ки достон шудааст. Идеяи навиштани достон бар омада аз зиндагии хонаводагӣ, ки ташвишҳо дошт, дилтангиҳои модарам аз  сафарҳои зиёди падарам, қадрдонии қиблагоҳ аз заҳматҳои бонуи хонааш, модари фарзандонаш аст. "Ҷони ширин" номаи муҳаббат ва сипоси қиблагоҳ ба модарам аст, аммо фаротар аз достони хонаводагист”.

Сипаҳсолори назми оламгир хеле моҳиронаву устодона ҳаёти худ ва хонаводаи арҷманди худро, сафарҳо ва пазмони дидори аҳли хонавода шудани худро ба риштаи тасвир кашидааст:

Ҷони ширин, як нафас осуда бош,
Як нафас чун ғунчаи бикшуда бош.

Як нафас биншин ту дар паҳлуи ман,
Як нафас хандида бингар сӯи ман.

Ёд кардам ҳарфи ширини  туро,
Меҳрубониҳои дерини туро.

Гарчи пайдо гашт чин дар рӯи мо,
Гарчи пур шуд аз сафедӣ мӯи мо.

Орзу бисёр дорад дил  ҳанӯз,
Ҷӯши ишқи ёр дорад дил  ҳанӯз.

Соли гузашта ҳатто ин иттилоъ пахш шуд, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шеъри устод Турсунзода “Зан агар оташ намешуд” ба сифати паёмаки табрикотӣ ба рӯзи зан истифода мешуд. Аксари касоне, ки хонумеро ба ифтихори ин рӯз муборакбод мекарданд, аз ҳамин шеър истифода менамуданд ва аз тариқи тефонҳои мобилии худ онро ба дӯстонашон чун паёми табрикотӣ мефиристоданд:

Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кӯдакӣ оғӯши гарм,
Аз муҳаббат бехабар, ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.

Зан агар оташ намебуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ба ҳам чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.

Кас мехоҳад дар васфи модар бигӯяду бишнавад. Ва мо низ талош кардем чанд ҳикмати бузургонро дар ситоиши модар ин ҷо оварем.

Ҳикояти Саъдӣ

Вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Диозурда ба кунҷе нишасту гирён ҳамегуфт:
-    Магар хурдӣ фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан.
Ки аз аҳди хурдит ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман.
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пирзан!”

*********
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад.
Эмомалӣ Раҳмон
*********
Мо умре дорем санохони он занем, ки номаш Модар аст.
Мусо Ҷалил
*********
Дастони модарон аз меҳрубониву навозиш офарида шудаанд, тифлакон дар он оромона мехобанд.
Виктор Ҳюго
*********
“Ояндаи миллат  дар дасти модарон аст.
Оноре де Балзак
*********
Ҳар кас мехоҳад инсониятро наҷот бахшад, вале касе намехоҳад ба модараш дар шустани дегу коса кӯмак кунад.
Патрик  О'Рурк
*********
Аз чӣ бошад бисёре аз занон гумон мекунанд, ки тифл ба дунё овардан ва онро калон кардан, як чиз аст. Ин ба монанди он аст, ки роял дошта бошиву пианино навозӣ.
 С. Ҳапррис
*********
Ҳама зебогии инсон аз нури Офтоб ва шири Модар аст.
Максим Горкий
*********
Дастоне, ки гаҳвора меҷунбонанд, оламро идора мекунанд.
Уилям Росс Уоллес
*********
Беҳтарин занон ҳамонҳоеанд, ки барои фарзандонашон метавонанд падари фавтидаи онҳоро иваз намоянд
Ҳёте
*********
То замоне, ки модар доред, шумо ҳамоно кӯдакед.
С.Ҷейет
*********
Боз ҳам устод Турсунзода

Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.

Гоҳ мебинӣ, ки ором аст чун файзи саҳар,
Гоҳ мебинӣ, ки меҷӯшад чу дарёи Хазар.

Гоҳ монанди асал ширину хушбӯяст он,
Гоҳ чин монанди мавҷи баҳр дар рӯяст он,

Гоҳ айши зиндагиро боз ҳам ширин кунад,
Гоҳ бо неши забон оҳиста дил захмин кунад.

Гоҳ густоху гаҳе рӯ пӯшад аз осори шарм,
Гоҳ шоду гоҳ ғамгин, гоҳ сарду гоҳ нарм.

Зан ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,
Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст.

Пас ҳама гӯянд, ки: бигзор, зан бошад мудом,
Зиндагӣ бо зан хушасту умр бо зан бардавом.
*********
Муъмин Қаноат

Меҳри модар
   Солҳои аввали эҷоди ман…
    Лаҳзае аз кӯдакӣ дар ёди ман.

    Мондааст, гӯё ба рӯи мавҷи об
    Хираю ларзон чу акси офтоб…

    Хурд будам, бистарам гаҳвора буд,
    Бистари ҷунбони ман сайёра буд.

    Дар ҳамин ҷо буд хӯрду хоби ман,
    Дар ҳамин ҷо минбару меҳроби ман.

    Дар ҳамин ҷо бар сари гаҳвораам,
    Аллагӯён модари бечораам.

    Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб,
    Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб.

    Савти аввалро, ки бишнидам аз он,
    Ҳаст ҳоло дар забони кӯдакон…

    Як замон гаҳвора бар ман танг шуд,
    По ниҳодам, пойгоҳам санг шуд.

    Даст бурдам, монд дастам дар ҳаво,
    Боз модар дошт як дасти маро…

    Дар ҳамин аҷзу ҳамин бечорагӣ,
    Дар ҳамин хурдӣ, яку якборагӣ.

    Хестам, дидам: надидам як саҳар
    Аз ҳамон меҳри дурахшонам асар.

    Бо ду чашми чор ӯро кофтам,
    Кофтам, тимсоли ӯро ёфтам:

    Аз баландӣ бо табассум, бе шитоб
    Мебаромад ин пагоҳӣ офтоб.

    Гарчи ҳамчун меҳри ман пурнур буд,
    Аз бари ман, аз сари ман дур буд…
*********
Ғазале аз устод Лоиқ

Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

Дар фазои абадийят паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.

Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.

Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.

Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.

Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.

Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.

Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.

Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.


Исфандиёри Назар 
Шоири мидҳатгари модар...

Шоири маддоҳи Яздонам,
Шоири маддоҳи пайғамбар.
Шоири дарбори хешам ман,
Шоири мидҳатгари модар!
Ман ба васфи ину он, мардум,
Шеърро ҳаргиз накардам хор.
Шеър пешам ояти Ҳақ аст,
Оятамро мекунам такрор.
Пешвоеро намедонам
Бартар аз модар барои худ.
Як ҷаҳони дигаре бошад
Модари ман дар сарои худ.
Нест гар пайғамбаре аз зан,
Зан ҳама пайғамбаронро зод.*
Пас зан аз пайғамбарон пеш аст,
Пас Худо занро накӯ дород!
Шоири маддоҳи зан ҳастам,
Шоири маддоҳи зан монам.
Мешавад ҳарфу садоям зан,
Ҳар куҷое шеър мехонам.

 

Барчаспҳо: