Бунёдгузори библиографияи адабиёти кўдакон ва наврасони тоҷик
Таърихи рушди ҷомеаи инсонӣ исбот сохтааст, ки бе китобу китобдорӣ дар ҳамаи давру замон пешрафти давлатдорӣ ғайриимкон аст. Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шахсоне, ки ба китобу китобдорӣ машғул будаанд, ашхоси босаводу бофарҳанг ҳисоб мешуданд. Онҳое, ки ба масъалаҳои омўзиши кори библиографӣ, таҳлил ва дурнамои масъалаҳои ин соҳа сару кор доранд, библиографишинос меноманд. Яке аз чунин афрод дар кишвар, шахсе, ки тамоми фаъолияти кории худро баҳри рушду нумўъи илми билиографишиносӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси китобдорӣ бахшидааст, Шарифҷон Комилзода мебошад.
Шарифҷон Комилзода 1-уми апрели соли 1958 дар деҳаи дилкушои Басмандаи ноҳияи зебоманзараи Деваштич чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Баъди хатми факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар соли 1979 қобилияту истеъдод ва ба корҳои илмӣ-таҳқиқоти ҳавасманд будани Шарифҷон Комилзодаро ба инобат гирифта, раёсати факулта ўро барои кор дар кафедраи библиографишиносӣ нигоҳ доштанд. Аз соли 1979 то соли 1998 дар факултаи китобдории Донишкадаи мазкур аввал ба ҳайси омўзгор, Омўзгори калон, дотсент ва мудири кафедраи библиографишиносӣ ифои вазифа намудааст.
Мавсуф соли 1985 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва дохил шуда, онро соли 1988 бомуваффақият хатм кард. Ва соли 1989 рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми педагогӣ таҳти унвони «Библиографияи тавсиявии адабӣ-бадеӣ ҳамчун воситаи тарбияи интернасионалӣ ва ватандўстии кўдакону наврасон» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба маърази муҳокимаи донишмандон гузошта, сарбаландона дифоъ кард.
Устод Шарифҷон Комилзода аз ҷумлаи мардони илму фарҳанги миллат аст, анқариб чил соли умри худро сарфи тадрису таҳқик карда, мутахассисони баландпояи соҳаи китобдорӣ ва шогирдони бисёреро барои ҷомеа тарбия намудааст. Шогирдони устод имрўзҳо дар китобхонаҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дар идораҳои бонуфузи кишвар машғули фаъолияти пурсамар буда, ҳар як аз онҳо номи мубораки устодро боифтихор ба забон мегиранд.
Саҳми устод дар таълифи китобу маҷмўаҳо, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва библиографӣ назаррас аст. Натиҷаи заҳмату омўзиш ва таҳқиқу пажуҳиши доимии устод дар соҳаи китобдории тоҷик, бахусус библиография самараи фаровону судманд ба бор овард. Ў доир ба масоили фарҳангшиносӣ ва илми китобдорӣ беш аз 500 асару мақолаҳо ва дастурҳои библиографӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла, «Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотии хонандагон», «Асосҳои донишҳои китобдорӣ-иттилоотӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирўз ва имрўз. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ», «Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ», «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ. Феҳристи адабиёт», «Наврўз. Китобнома», «Иҷлосияи сарнавиштсоз. Феҳристи адабиёт», «Об-манбаи ҳаёт. Феҳристи адабиёт» ва ғайраҳо.
Бояд қайд намуд, ки Шарифҷон Комилзода зиёда аз 10 сол сарвари Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Дар ин муддат дар баробари роҳандозии фаъолияти амалии он ба таҳқиқи паҳлўҳои муҳими фаъолияти он низ машғул буд.
Оиди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шарифҷон Комилзода як силсила мақолаҳоро аз қабили «Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ дар 20 соли Истиқлолият», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва истифодабарии он», «Нақш ва мақоми китобхона дар ҳаёти ҷомеа», «Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон» чоп намудааст, ки дар онҳо самтҳои гуногуни он мавриди таҳқиқу пажуҳиш қарор гирифтаанд. Чопи рисолаи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирўз ва имрўз» ҳамчун дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ ба масъалаҳои мубрам аз қабили рушди Китобхона дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, вазифа ва сохтори он, вазъи имрўза ва дурнамои Китобхона бахшида шуда, ҳамчун манбаи омўзиши барои донишҷўён таъин шудааст.
Ҷустуҷўҳои зиёд, омўзиши масъалаҳои гуногун, маводи бойгонии Китобхона имконият дод, ки муҳаққиқ чунин як дастури муфиду мукаммалро оиди фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон таълиф намояд.
Дастури таълимӣ аз пешгуфтор, 8 боб, намунаи барномаи таълимӣ оиди асосҳои донишҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ва руйхати адабиёт оид ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иборат буда, дар заминаи таҳқиқи амиқи манбаъҳои таърихӣ, фаъолияти амалӣ, такя ва истинод ба асарҳои пурмуҳтавои донишмандони соҳа ба забони фаҳмо ва услуби нафис таҳия шудааст.
Дар дастур муаллиф таваҷҷуҳи худро бештар ба нақши Китобхона дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, дастрасии аснод, истифодаи технолгияи муосири иттилоотӣ дар равандҳои гуногуни фаъолият, такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо ва маркази илмию методӣ барои китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва ғайраҳо эътибори махсус додааст.
Қиммати дастурро барномаи таълимӣ оид ба фанни «Асосҳои донишҳои китобдорӣ-иттилоотӣ» барои донишҷўёни мактабҳои олӣ бой гардонида ва аз лиҳози услуби таҳияи дастурҳои таълимӣ хеле муфид мебошад. Дар ин барнома мавзўъҳои тадрисшаванда оид ба таърих, давраҳои инкишоф, мазмуну мундариҷаи фондҳо, фаъолияти шуъбаву марказҳо, сохтори дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, созмондиҳии хадамоти китобдориву библиографӣ, вазъ ва дурнамои китобхона матраҳ гардидааст. Дар барнома инчунин руйхати адабиёт барои боз ҳам амиқтар омўхтани фаъолияти китобхона тавсия дода мешавад. Омўзиши фанни мазкур имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷўён нисбати китобхона ва тарзҳои истифодабарии онро беҳтар намояд.
Шарифҷон Комилзода дар таҳияи як қатор барномаҳои давлатӣ аз қабили «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаҳои фарҳанг, ҳунар ва таъбу нашр дар солҳои 2007-2010», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва ғайраҳо саҳми арзанда гузоштааст.
Ў айни замон Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё мебошад.
Хидматҳои шоистаи Шарифҷон Комилзода дар рушди соҳаи китобдорӣ ва тайёр намудани мутахассисони болаёқат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.
Устод Комилзода ҳамчунин ба унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазофар шудааст. Заҳамоташ бо чандин ифтихономаву мукофотҳои дигар низ қадр шудааст.
Дар фуроварди ин меҳрнома устоди гаронмояву дурандеш ва зиндадил, ки 60-умин баҳори мубораки умрашон дар фасли зебои баҳори фархундапайк фаро расидааст, табрику таҳният намуда, барояшон тани сиҳат, хонаободӣ, саодати рўзгор ва дар фаъолияти минбаъдашон комёбиҳоро орзумандам.
Ҷашн муборак, Шарифҷон Комилзода!
Маҳмудов Гадобег, муовини директори
Китобхонаи миллии Тоҷикистон