Субҳи имрӯз боз ҳам рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ буд. Рӯзе, ки аз дирӯз гармтар буд ва акнун ҳар рӯзи фасли тобистон аз рӯзи пеши он гармтар мешавад.
Тобистон ва гармои ин фасл водор мекунад, ки ба дахатон, гулу буттаҳо ва сабзазор муносибати дигар сурат мегирад. Обмонии ду-се рӯза дигар кофӣ нест. Агар ҳар рӯз ниҳолҳоро ва гулҳоро об намонанд, онҳо хеле зуд пажмурда мешаванд.
Ба ҳамин мақсад кормандони Китобхонаи миллӣ имрӯз ободониро аз нигоҳубини гулҳову сабзаҳои назди бино ва ҳатаи паси он шуруъ карданд.
Обёрии ҳамешагӣ нигоҳубони ҳамарӯзист, ки сабабгори бақои сабза ва шукуфоии гулҳо, нашъунамои дарахтон мешавад.
Расмҳои Хусрави Милод ҳикоятгари ин лаҳзаҳоянд.