Баргашти ҳарфи «ц» ба алифбои забони тоҷикӣ густариши табиии забонро халалдор мекунад
Илова кардани ҳарфи «ц»-и алифбои русӣ ба алифбои забони тоҷикӣ ё ба ҳайси ҳарфи алоҳида ва ё дар сурати лигатура асосҳои забонӣ, илмӣ, таърихӣ ва мантиқӣ надорад
Меъёрҳои забони адабӣ ва муайян кардани имлои забони адабӣ ба сиёсати давлатӣ оид ба густариши забони давлатӣ сахт алоқаманданд. Бинобар ин, масъалаҳои рушди забони модарии мо дар даврони Истиқлолият доимо дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар робита ба масъалаи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он Президенти кишвар дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон (“Ҷумҳурият”, 23 июли соли 2009) чунин таъкид намуда буданд:
«Забони давлатиро бояд дар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолаби сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст».
Имлои забон низ яке аз масъалаҳои муҳими муайян кардани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Он ба хату алифбо ва тарзи навишти овозҳо сахт алоқаманд буда, дар ҳама давру замон вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳоли ташаккулу тағйирот будааст. Бояд гуфт, ки асоси имло ва хат ё алифбои забон муқаррар кардани тарзи навишти овозҳои забон мебошад. Овозҳои забони тоҷикӣ дар давраҳо ва марҳилаҳои дуру дарози таърихӣ (дар се марҳилаи таърихӣ- даврони бостон, даврони миёна ва давраи нави таърихи забон) суфта гардида, ба ҳолати имрӯзии худ расидаанд. Онҳо аз сароғози таърихи забонҳои эронӣ густариш ёфта, аз таркибҳои дуовозаву сеовоза (дар забонҳои давраи бостон) ба ҳолати яковоза (забони тоҷикии имрӯз) даромада, имрӯз ҳамсадоҳо ва садонокҳои забони тоҷикиро ташкил медиҳанд, ки як овоз дошта, бо як ҳарф ифода мешаванд. Суфта гардидани овозҳои забон ва ба як овози ҷудогона табдил ёфтани онҳо дараҷаи тараққиёту камолоту густариши забонро нишон медиҳад. Бинобар ин, баргашт ба ҳарфи ифодагари ду овоз, ки дар намунаҳои даровардани ҳарфи «ц»-и русӣ ба алифбои забони тоҷикӣ имрӯзҳо дар маҳфилҳои иҷтимоии мо аз тарафи баъзе «босаводон» доман зада мешавад, халалдор кардани густариши табиии забон ва ба сари он бор кардани «қолабҳои сунъии бегона» (таъбири Президенти кишвар) мебошад. Таърихи ворид шудани ҳарфи «ц» ба алифбои тоҷикӣ ба замоне рост меояд, ки забони тоҷикӣ ва меъёрҳои забони адабии мо дучори фишори сиёсии солҳои сиюм шуд, ки онро устод Айнӣ «ҳуҷумҳои «чап»-и аракчеевӣ» номида, навишта буд:
«…гурӯҳи дигар забони адабии ҳазорсолаи тоҷикро бо ҳамаи меросҳои адабиаш тамоман инкор карда, мехостанд дар асоси забони кӯчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба он «забони нав» грамматикаи аҷибу ғарибе ҳам тартиб диҳанд. Яке аз ин ҳуҷумҳои «чап», ки вайро режими аракчеевӣ номидан мумкин аст, дар соли 1937, 1938, 1939 ташкил ёфта буд. Лоиҳанависони ин ҳуҷум дар зери пардаи «забонро ба халқ наздик кардан» мехостанд, ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ» созанд».
Ҳарфи «ц» ба алифбои забони тоҷикӣ дар соли 1940 ҳангоми таҳияи алифбои тоҷикӣ дар асоси алифбои кириллӣ ворид шудааст. Тавре ба ҳамагон маълум аст, то соли 1940 забони тоҷикӣ дар таърихи давраи навини хеш, аввал аз алифбои арабиасос ва аз соли 1930 аз алифбои лотиниасос истифода мекард. Алифбои арабиасос (бо 28 ҳарфи хоси арабӣ ва чор ҳарфи тоҷикӣ (г, ж, п, ч,) ва алифбои лотиниасос (бо 31 ҳарф ва 1 апостроф (ъ)), дорои ҳарфи «ц» набуданд. Ин ҳарф танҳо ҳангоми гузар ба алифбои кириллии тоҷикӣ пайдо шуд, ки таърихи қабули он чунин аст:
Баъд аз гузаштан ба алифбои русиасоси тоҷикӣ дар моҳи майи соли 1940 қоидаҳои имлои забони мо ҳам ба ин алифбо мувофиқ карда шуданд ва бо қарори № 55 аз 21-январи соли 1941-и СКХ (Совети Комиссарони Халқ)-и РСС Тоҷикистон «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» қабул гардид. Дар ин санад барои баъзе ҳолатҳои истифодаи ҳарфҳои русӣ, аз ҷумла барои аломати ҷудоӣ, тарзи навиштани аломати ы, ц ва ҳарфи щ (шч) қоидаҳои сохтаю сунъии махсус сохта шудаанд. Боби III таҳти номи «Орфографияи баъзе ҳамсадоҳо», ки аз бандҳои 19 ва 20 иборат аст, ба имлои ҳарфҳои хоси русии «ц» ва «щ» («шч») тааллуқ дорад, ки чунин аст: «Ҳарфи «ц» фақат дар калимаҳои советӣ-интернационалӣ кор фармуда мешавад: цирк, цикл, цемент, концерт, доцент, лекция, комсомолец, конституция, социализм ва м. ин.
Овози щ-и русӣ дар тоҷикӣ ҳар вақт бо ду ҳарф (шч) навишта мешавад: Шчорс, Шчедрин, Шчерба, мешчанин, помешчик, яшчик, шчётка ва м. ин».
Таҳиягарони «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» хусусиятҳои савтиву дастурӣ ва «тенденцияи» инкишофи забони адабии имрӯзаи тоҷик»-ро ба назар гирифта, аз меъёрҳои таърихии рушди забон дурӣ ҷустаанд. Мо ин равишро дар дохили матн зиёд мушоҳида мекунем. Масалан, дар банди 5 чунин омадааст: «Калимаҳои ё-дори советӣ-интернатсионалӣ мувофиқи орфографияи русӣ навишта мешаванд: самолёт, пулемёт, разведка, режиссёр, слёт, чертеж, актёр ва м. (монанди) ин». Таҳиягарон аз ин ҳам фаротар рафта, дар қоидаҳо бахши алоҳидае дар бораи «Орфографияи калимаҳои советӣ-интернационалӣ» ҷудо мекунанд, ки чунин аст: «Ҳамаи калимаҳои советӣ-интернационалӣ, ки ба забони тоҷикӣ даромадаанд ва медароянд, мувофиқи орфографияи русӣ навишта мешаванд: поэтика, поэма, аэродром, аэроплан, отряд, сентябрь, октябрь, коммунист, сессия, программа, комиссия, аппарат, грамматика, касса, телефон, делегат, интеллигент, революция, конституция, социализм, республика, большевик, альбом, консультация, табель, роль ва м. ин».
Ҳарфҳои садонок бо ётбарсарҳо дар бахши садонокҳо, овози й дар бахши алоҳида бо номи «Орфографияи нимсадои й» ва аломатҳои сакта ва ҷудоӣ низ ба тариқи алоҳида дода шуданд.
Як хусусияти хоси ин «Қоидаҳои имлои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» тарзи навиштани ихтисораҳои русӣ аст. Онҳо низ бечуну чаро айнан дар шакли русӣ ва бе риояи қоидаҳои дастурии забони тоҷикӣ қабул мешаванд: «Ёдоварӣ: Исмҳои хоси мураккаби кӯтоҳкардашудаи советӣ-интернационалӣ мувофиқи орфографияи русӣ навишта мешаванд: СССР, ВКП (б), ВЛКСМ, ТАСС, ГТО, Коминтерн ва м. ин».
Моҳи феврали соли 1954 ба алифбои тоҷикӣ ду ҳарфи нави русӣ «ы» ва «щ» илова гардид, ки ин иқдом ба раванди русикунонии алифбои тоҷикӣ хотима дод. Дар «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» (1955) имлои ҳарфи «ц» дар банди 13 омадааст, ки чунин аст: «Ҳарфҳои Ц ва Щ дар калимаҳои русӣ ва советӣ-интернационалӣ навишта мешаванд: цирк, концерт, цемент, лекция, революция. Щедрин ва м. ин (ниг. ба § 30)».
Банди 30 ҳам имлои калимаҳои русӣ ва советӣ-интернационалӣ-ро муайян мекунад: «Калимаҳои русӣ ва советӣ-интернационалӣ мувофиқи орфографияи русӣ навишта мешаванд: коммунист, революция, радиофикация, роль, январь, съезд, пьеса, самолёт, выставка, вице- адмирал, генерал-майор, взвод, интеллигент, йод, район, октябрь, бюджет, фельетон, разъезд ва м. ин.
Ёдоварӣ: а) управление, отделение, участок, посёлок, гербарий, лекторий барин калимаҳо, ки дар охирашон е, й, ок доранд, ба тарзи зерин навишта мешаванд: управления, правления, отделения, участка, посёлка, гербария, лектория, санатория ва м. ин;
б) баъзе калимаҳои русӣ, ки ба забони тоҷикӣ кайҳо дохил шуда талаффузи хос гирифтаанд, мувофиқи он навишта мешаванд: чойник, самавор, батинка, чўт».
Баъд аз ин дар соли 1972 ба имлои забони тоҷикӣ баъзе тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки он ба алифбои тоҷикӣ таъсири зиёде надошт.
Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (соли 1972) имлои ҳарфи «ц» дар банди 12 омадааст: «Ҳарфҳои ц ва щ дар калимаҳои русӣ ва интернационалӣ навишта мешаванд: цирк, концерт, цемент, лекция, революция, мещан, помещик, Щорс ва ғ.»
Дар соли 1998 мувофиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон имлои забони тоҷикӣ аз нав баррасӣ гардида, ба имлои забони тоҷикӣ баъзе тағйироту иловаҳо дохил гардид. Дар алифбо низ тағйироте ворид гардид ва ҳарфҳои хоси русӣ «ы», «ь» – аломати ҷудоӣ, «ц», «щ» аз алифбои тоҷикӣ бароварда шуданд.
Бояд гуфт, ки аксарияти ислоҳгариву ислоҳсозии алифбо ва имлои забони тоҷикӣ то имрӯз хусусияти муҳофизакорона ва мусолиҳаомез дошт. Ин равиш боиси он гардид, ки аксарияти иштибоҳҳои дар солҳои 30-юм ва 40-ум суратгирифта дар алифбо ва имлои тоҷикӣ то ба ҳол боқӣ монанд. Ин масъала ва нобасомониҳо дар алифбо ва имлои забони тоҷикӣ аз тарафи устод Садриддин Айнӣ хеле дуруст ва борикбинона қайд шудаанд. Дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) Устод дар ин бора чунин менависад: «Дар ягон забони маданӣ ва аз ин ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта, масалан ба ҷои калимаҳои «анбор», «занбар», «ҷунбидан» – «амбор», «замбар», «ҷумбидан» менависанд. Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост».
Ҳоло зарурати ислоҳи алифбо ва имлои забони тоҷикӣ, тавре ки аз хулосаи мақолаҳои дар матбуот чопшуда ва ақидаву фикррониҳои донишмандон мебинем, пеш омадааст. Махсусан, имлои овозҳои садоноки забони тоҷикӣ у, ӯ, и, ӣ, э ва ё ба истилоҳ «ётбарсарҳо» (ин ҳам яке аз «ихтироъҳои» имлочиёни ҳамон солҳост) ё, ю, я, е, аломати сакта «ъ» дар алифбо ва имлои забони мо аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ ва ҳалталаби илми забоншиносӣ ва ҷомеаи мо гардидааст.
Бояд гуфт, ки алифбои имрӯзаи тоҷикӣ бо доштани 35 ҳарф (чор ҳарфи хоси русии ётбарсарҳои ё, ю, я, е) то ба ҳол ба меъёрҳои таърихии забони модарии мо мувофиқ нашудааст. Аз тарафи дигар, суфта гардидани имлову алифбои забони тоҷикӣ ва ба меъёрҳои таърихии забон мувофиқ кардани онҳо (дар забони тоҷикӣ 35 овоз вуҷуд надорад) омӯзиши забонро барои тамоми қишрҳои ҷомеа осон мегардонад ва забонро ба маҷрои табииву таърихии густариши он бармегардонад ва «аз қолабҳои сохтаи бегона» озод месозад.
Илова кардани ҳарфи «ц»-и алифбои русӣ ба алифбои забони тоҷикӣ ё ба ҳайси ҳарфи алоҳида ва ё дар сурати лигатура асосҳои забонӣ, илмӣ, таърихӣ ва мантиқӣ надорад. Бинобар ин, мо – соҳибони забон забони нобу шевои модарии хешро ҳамчун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дошта, онро набояд дастхуши таъсири забонҳои бегона созем.
Сайфиддин Назарзода,
доктори илмҳои
филологӣ, профессор