Рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи гузашта, якшанбе дар Китобхонаи миллӣ тибқи анъанаи пешин рӯзи ободонӣ буд. Даҳҳо нафар кормандон аз субҳи бармаҳал ба маҳлли кор ҳозир шуданд ва дар даст белу каланд вориди чаманзори китобхона гаштанд.

Онҳо як порча заминеро, ки баъди муддатҳо гулҳои аввали баҳор шинондашуда пажмурда шуда буданд, дубора побел карданд ва гулҳои нав шинонданд.
Дар гӯшаи дигар ба зери дарахтону сабзаву гулҳои ҳотаи Китобхона хок ва пору рехтанд, то заминҳо нарм ва сабзиши онҳо хуб шавад.
Баъдан ҳамаи заминҳоро об монданд, ҷӯйборҳоиро аз хасрӯбаҳо тоза карданд.
Ба қисматҳое, ки об намерафт, бо сатилҳо об кашиданд.
Ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳамешагист. Бахусус, рӯзҳои истироҳат ҳамагӣ ба кор ҳозир мешаванд ва соатҳоеро аз ҳисоби рӯзи истироҳати худ дар миёни гулу сабзаву дарахтони атрофи Китобхона мегузаронанд ва онҳоро нигоҳубин мекунанд. 

Барчаспҳо: