Фазлиддин Муҳаммадиев: адиби маъруф, рӯзноманигори муваффақ, мураббии ҷавонони эҷодкор
Аз ҷумлаи тавонотарин адибони нимаи дуюми асри XIX буд. Зимни суханроние устод Мирзо Турсунзода дар ҳақаш гуфта: «Фазлиддин Муҳаммадиев нависандаи ҷасур ва бо ҷуръат аст. Ман ҳатто ўро нависандаи борикбин мешуморам, зеро дар ҷараёни зиндагӣ чизи асосиро дарк карда метавонад».
Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб дар кохоз ҳисобчӣ буд. Баъдан ба шаҳри Душанбе омад ва идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикисто» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» ба кор омад. Кори рўзнома диққати нависандаро ба худ ҷалб намуда, ў соли 1951 баъди хатми мактаби комсомолии Маскав якчанд сол вазифаи рўзноманигориро адо кардааст. Дар ин солҳо ҷонишини муҳаррири рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», муҳаррири «Газетаи муаллимон», мудири шўъбаи рўзномаи «Тоҷикистони советӣ», котиби масъули моҳномаи «Хорпуштак», мудири шўъба ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст. Соли 1962 Муҳаммадиев Курси олии адабии ба номи Максим Горкий дар шаҳри Маскавро хатм намуда, баъди ба Тоҷикистон баргаштан муҳаррири моҳномаи «Хорпуштак», корманди «Тоҷикфилм», муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шўъбаи «Энсиклопедияи тоҷик», сармуҳарририи идораи киносозии Тоҷикистонро дар ўҳда доштааст. Соли 1978 котиби Иттифоқи нависандагон интихоб мегардад. Охири умраш сарфи корҳои эҷодӣ буд. Аввалин ҳикояҳом ӯ «Раиси нав» соли 1955 дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» чоп шуд. Соли 1956 бошад, «Муҳоҷирон» ва соли 1958 «Фаттоҳ ва Музаффар» чоп шудаанд.
Баъдан повестҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (соли 1960), «Одамони кўҳна» (соли 1963), «Бибизайнаб» (соли 1964), «Дар он дунё» (соли 1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (соли 1974), «Шоҳии япон» (соли 1982), «Варта» (соли 1983) ва маҷмўаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (соли 1969) ба табъ расиданд.
Солҳои 1978-1980 дуҷилда ва солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шуд. Соли 1985 китоби очеркҳояш «Дўстон тоҷи сар» ба хонандагон пешниҳод гардид. Нависанда барои повестҳои «Дар он дунё» ва «Одамони кўҳна» соли 1967 сазовори Мукофоти давлатии ба номи А. Рўдакӣ гардидааст. Ҳамаи асарҳои ў борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё ба табъ расидаанд. Фазлиддин Муҳаммадиев дар филмноманависӣ низ дсти расо дошт. Тоҷикфилм аз рўи филмномаҳои ў филмҳои «Задухўрд» (соли 1973), «Субҳи ватани ман» (соли 1974), «Вохўри дар дараи марг» (соли 1980)-ро офаридааст. Филми ҳунарии «Вохўри дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо шудааст.. Дроми ў «Арўси охирин амиралмўъминин» (соли 1963)-ро Театри давлатии Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст. Фазлиддин Муҳаммадиев ҳикояҳои А. Чехов, Т. Драйзер, романҳои А. Стил «Зарбаи аввалин» Ч. Айтматов «Дуроҳаи бўронӣ», повестҳои «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ» , А. Қаҳҳор «Модарҳои меҳрубони ман» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Фазлиддин Муҳаммадиев барои хизматҳои шоёнаш бо унвони «Коркуни Хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон», бо орденҳои «Дўстии халқҳо», «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён», бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Белоруссия мукофотонида шудаст
Барандаи чоизаи адабии давлатии Рўдакӣ (соли 1967), корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Нависандаи Халқии Тоҷикистон буд.
Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагон буд. Фазлиддин Муҳаммадиев 16 октябри соли 1986 бар асари захми корд аз олам даргузашт. Адиби маъруфро гуруҳи авбошон дар маҳалли Қарияи Болои пойтахт, дар наздикиҳои манзилаш корд заданд. Бо ин ҷароҳат бистарӣ шуд ва захмҳло табриҷан адиби маъруфро ба ҳалокат расонданд.
“Адибони Тоҷикистон”, Душанбе соли 2003
Муаллиф Гулназар
Хонандагони азиз дар Китобхонаи миллӣ аз Фазлиддин Муҳаммадиев ин асарҳо ва мақолаву очеркҳоро метавонанд мутолиа намоянд:
Асарҳои мунтахаб: Иборат аз 2 ҷилд. – Душанбе: Ирфон. Ҷ. 1. – Очерҳо, ҳикояҳо, қиссаҳо. – 1978. – 555 с. Ҷ. 2. – Қисса, роман. – 1980. – 604 с.
Муҳоҷирон: Очерк ва ҳикоя / Муҳаррир П. Толис. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1959. – 190 с.
Тири хокхўрда. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1961. – 109 с.
Зайнаббибӣ: Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 70 с.
Дар он дунё; Одамони кўҳна: Повестҳо / Муҳаррир М. Сироҷева. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 367 с.
Сози Мунаввар: Ҳикояҳо ва қиссаи «Зайнаббибӣ» / Муҳаррир О. Ҳамроев. – Душанбе: Ирфон, 1969. – 274 с.
Палатаи кунҷакӣ: Роман / Муҳаррир Сорбон. – Душанбе: Ирфон, 1974. – 368 с.
Шоҳии япон: Повест. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 160 с.
Нон ва суруд: Очеркҳо. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 48 с.
Хиёбони нодир: Қисса ва ҳикояҳо / Муҳаррир Гурез Сафар. – Душанбе: Адиб, 2010. – 240 с.
Ситораҳо: Киносенария // Шарқи Сурх. – 1963. – №9. – С. 23-26; №10. – С. 4-26;
Монда нашавед, муаллим!: Очерк дар бораи нависандаи тоҷик Раҳим Ҷалил // Маориф ва маданият. – 1970. – 9 июн.
Зафар ёрат, бод Маҳмудҷон!: Очерк дар бораи ҳунарпешаи номӣ Маҳмудҷон Воҳидов // Маориф ва маданият. – 1977. – 30 апрел; 4-5 май.
Писари газета: Очерк // Маориф ва маданият. – 1977. – 19-20-23-26 июл.
Мирзомуаллим: Хотироти муаллиф дар бораи М. Турсунзода // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 4 декабр.
Умри дубора: Очерк / Таҳияи М. Муҳаммадиев // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 10 июн.
Ҳамчунин дар бораи Фазлиддин Муҳаммадиев ин мақолот дар бойгонии китобхона маҳфузанд:
Фазлиддин Муҳаммадиев: Шарҳи мухтасари рўзгору осор // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе, 1966. – С. 136-138.
Муллоҷонов, М. Тирамоҳи боровар: Доир ба эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев // Садои Шарқ. – 1982. – №1. – С. 105-111.
Шарифов, Х. Дили беқарор: Хотираҳо дар бораи Ф. Муҳаммадиев // Садои мардум. – 1991. – 13 феврал.
Иброҳим, Ў. Ашки сўзон: Ҳикоя ба ёди устод Ф. Муҳаммадиев // Овози тоҷик. – 1992. – 9 май.
Маниёзов, А. Ёди айёми ҳамкорӣ: Бахшида 70-солагии Фазлиддин Муҳаммадиев // Садои Шарқ. – 1998. – №7-12. – С. 90.
Иноятова, З. Қимоб аз «Одами нобоб»: Ёдоварӣ аз қиссаи «Писари газета» - и Фазлиддин Муҳаммадиев // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 9 август.
Самад, А. Ҷони одам: Ёднома аз устоди равоншод Фазлиддин Муҳаммадиев // Адабиёт ва санъат. – 2012. – 8 ноябр.
Бобоалиева, З. Пайванди ду адиби бузург: Саҳми адиби шинохтаи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев дар тарҷумаи асарҳои Ч. Айтматов // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 23 апрел.
Икромов, Б. Қимати бебаҳои инсон: Оиди вохўрии Бобоҷон Икромов бо Фазлиддин Муҳаммадиев // Баҳори Аҷам. – 2016. – 18 март.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ