Шариф Баротов 15 июни соли 1933 дар деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Биолог, доктори илми биология (1994). Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).
Хатмкардаи УДТ (1959). Ходими хурд (1959-1970), калон (1970-1981) ва пешбари илмӣ (1994-2002), мудири шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002-2005). Муаллифи 106 мақолаи илмӣ ва 3 монография.
Шариф Баротов оид ба касалиҳои чорво, усулҳои мубориза бо ҳар магасу ғурмагасҳо, ки ба чорводорӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд, пажўҳишҳо анҷом додааст. Дар робита ба моҳиҳои ҷумҳурӣ низ таълифот дорад.
Тавсияю пешниҳодҳои Баротов Шариф оид ба пешгирии касалиҳои сироятии чорво дар вазорату корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 382.
Аз доктори илм Шариф Баротов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед пайдо ва бихонед:
Касалии пўст ва мубориза бо он. – Душанбе, 1965.
Хармагаси зери пўсти чорвои калони шохдор дар Тоҷикистон. – Душанбе, 1972.
Ҳодисаҳои сирояти одам бо хармагаси зери пўст. – Душанбе, 1977.
Таҳияи Ибодат Солиева
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ