Симини Донишвар – симои дурахшон дар адабиёти форсӣ
Нашр шуд 2019-11-21 16:03
Симини Донишвар румонннависи маъруфи эронӣ буд, ки аз худ мероси гаронбаҳо ба ҷо гузоштааст. Вай муаллифи асарҳое чун "Шаҳре чун биҳишт", "Ба кӣ салом кунам?", "Ҷазираи саргардонӣ", "Сорбони саргардон" ва маҷмӯъаи мақолоти "Шинохт ва таҳсини ҳунар", романи машҳури “Савушун” аст. Ҳамчунин бо тарҷумаи осоре аз Бернорд Шов ("Сарбози шукулотӣ"), Атон Чехов, ("Душманон"), Олен Питун ("Бинол, Ватан"), Нотонил Ҳоурен ("Доғи нанг") ва ғайра дар муъаррифии нависандагони барҷастаи ҷаҳонӣ ба мухотабони форсизабон нақше муассире дошт.
Аз ҳамнишинони Бадеъулзамони Фурӯзонфар, Содиқи Ҳидоят, Фотимаи Сайёҳ ва Нимо Юшиҷ будаву дар адабиёти Эрон дар як рада бо Ҳушанги Гулшерӣ, Маҳмуди Давлатободӣ, Аҳмади Маҳмуд ва Исмоъили Фасеҳ қарор дорад.
Симини Донишвар 28-уми апрели соли 1921 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст нависанда ва мутарҷими эронӣ, ҳамсари Ҷалол Оли Аҳмад, ки дар фаъолияти фарҳангию иҷтимоии ҳамсараш ҳузур ва ҳамкорӣ доштааст. Нахустин зани эроние, ки ба таври ҳирфаӣ ба забони форсӣ ҳикояву роман навиштааст. Узви Қонуни нависандагони Эрон ва нахустин раиси ин созмон буд.
Симин дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш Муҳаммадалии Донишвар табиб ва модараш Қамаруссултони Ҳикмат наққоши маъруф будаанд.
Таҳсилоти ибтидоию миёнаро дар Шероз гирифта, барои идомаи таҳсил дар риштаи адабиёти форсӣ ба Донишгоҳи Теҳрон рафтааст. Аз соли 1942 ба мақоланависӣ (барои радио ва рӯзномаи “Эрон” бо имзои мустаори Шерозии Беном) шурўъ кард. Соли 1949 маҷмўаи ҳикоёташ зери унвони “Оташи хомўш” мунташир шуд (нахустин маҷмўаи достони насрӣ ба қалами зани эронӣ).
Донишвар соли 1953 бо дарёфти роҳхати таҳсилӣ ба Донишгоҳи Стенфурси ИМА рафта, дар он ҷо ду сол дар риштаи зебоишиносӣ таҳсил кард, маҳз дар ҳамин донишгоҳ достоннависӣ ва намоишнависиро омўхт. Дар ин муддат ду ҳикояи ў ба забони англисӣ дар ИМА чоп шуд.
Пас аз бозгашт ба Эрон муддате дар Ҳунаристони ҳунарҳои зебо ва солҳои 1960-80 дар Донишгоҳи Теҳрон дар риштаи бостоншиносӣ ва таърихи ҳунар омўзгорӣ кард. Соли 1970 романи “Савушун”-ро мунташир кард, ки ба 17 забони дунё тарҷума шудааст. Дар ин роман зиндагии мардум дар давраи феодалӣ ва дар замони аз ҷониби англисҳо ишғол гардидани Эрон возеҳу равшан тасвир шудааст. Сохтори содаву баёни равон яке аз вижагиҳои ин роман аст.
Маҷмўаи ҳикоёти “Шаҳре чун биҳишт”, романҳои “Ҷазираи саргардонӣ”, “Сорбони саргардон” ва “Кўҳи саргардон”аз таълифоти машҳури ў мебошад.
Симини Донишвар ҳамчунин осоре чанд аз Антон Чехов, Бернард Шоу ва новелаҳои нависандагони африқоиро аз забони англисӣ ба форсӣ тарчума кардааст.
Ду асари ў-“Ғуруби Ҷалол” (2008) ва “Савушун” (2012) ба алифбои кириллии тоҷикӣ баргардон ва мунташир шудааст.
Симини Донишвар 8 марти соли 2012 дар Теҳрон вафот кард.
Муаллиф: О. Хоҷамуродова
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 109
Дар Китобхонаи миллӣ аз Симини Донишвар ин ду асарро метавонед мутолиа кард:
Сувашун: Достон. – Душанбе: Пайванд, 2006. – 320 с.
Ғуруби Ҷалол / Бо муқаддима, тавзеҳот ва баргардони Дилафрўз Икромӣ. – Душанбе, 2007. – 39 с.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ