Дар китоб масоили марбут ба сатҳ, сабк ва равишҳои хондани китоб, ки ба хонанда барои ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, такмили фасоҳати сухангўӣ, ғани кардани ҳофиза бо иттилооти тозаи таърихӣ ва ҳаводиси ҷомеаи кунунӣ тавсия дода мешавад, мавриди омўзиш ва тахлил қарор гирифтааст.
Таваҷҷуҳ асосӣ ба таҳқиқи сатҳхои хондан: ибтидоӣ, иҷмолӣ, тахлилӣ ва талфиқӣ дода, хусусиятҳои фарқкунанда ва муассири онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи хонанда, баррасӣ менамояд.
Миллати сарбаланди тоҷик ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикорот ва сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамаҷониба омодагӣ мегирад. Хоса бо эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кули манотиқу маҳалли Тоҷикистони азиз нерўи созандагиву бунёдкорӣ, эҷоду ҳунар такомул ва инкишоф дорад.
Рушди маҳаллу деҳот бо инкишоф ва пешрафти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавъам буда, муаррифгари фарҳанг ва
Шамсиддини Солеҳ аз ҷумлаи муҳаққиқони пуркори тоҷик аст, ки бештар дар бораи жанри адабии роман корҳои арзишманду мондагори пажӯҳишӣ анҷом додааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддини Солеҳ 7-уми ноябри соли 1959 дар деҳаи Ғағзаи ноҳияи Панҷакат ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили (1984) факултаи филологияи УДТ (ҳоло ДМТ) аст.
Солҳои 1984 -1991 дар рўзномаи «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (ҳоло «Насими айём»-и н. Рўдакӣ) кор карда, 1992-1995 дар аспирантураи АИ Тоҷикистон хондааст. Фаъолияти минбаъдааш дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон гузаштааст,