Китобҳои тозавуруд: “Тулўи ҳақиқат”
Нашр шуд 2019-11-08 14:59
Миллати сарбаланди тоҷик ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикорот ва сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамаҷониба омодагӣ мегирад. Хоса бо эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кули манотиқу маҳалли Тоҷикистони азиз нерўи созандагиву бунёдкорӣ, эҷоду ҳунар такомул ва инкишоф дорад.
Рушди маҳаллу деҳот бо инкишоф ва пешрафти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавъам буда, муаррифгари фарҳанг ва тамаддуни бостонии халқи тоҷик, ҳамчунин мавзеъҳои таърихии кишвари азизамон Тоҷикистони сохибистиқлол мебошад.
Дар ин радиф як бахши муҳими пешрафти кишвар ин арҷгузорӣ ба таърихи илм, забон, адабиёт ва фарҳангу ҳунар мебошад, ки Пешвои муаззами миллат онро рукни муҳими худшиносӣ ва тахкимбахши ваҳдату истиқлолият мешуморанд. Дар ин китоб сухан аз осори илмиву таърихӣ, адабиву фарҳангии Сарвари давлат меравад, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Олимону донишмандони маъруф дар бораи арзиши баланди ин китобҳо изҳори назари хешро баён кардаанд, ки барои аҳли ҷомеа ва доираи васеи хонандагон муфид мебошад.
Китоби “Тулӯи ҳақиқат” зери назари президенти Академияи илмхои Ҷумҳурии Точикистон, академик Фарход Раҳимӣ чанде пештар дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.
Ин китобро шумо метавонед аз ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дархост намоед.
Моҳира Муродова