Китобҳои тозавуруд: Ташхис ва табобати бемориҳои асаб аз нигоҳи Абўалӣ ибни Сино

  Чунин ном дорад китобе, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт. Муаллифон дар сарсухани худ аз ҷумла менависанд: “Таърихи маданияти халқи тоҷик дар замони Сомониён як гурўҳ табибонро ба дунё овардааст , ки онҳо ба заковату фаросат ва донишмандӣ дар тамаддуни ҷаҳон ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд. Айни замон пас  аз гузашти қарнҳо он дастовардҳои тиббии давраи Сомониён аҳамияти худро гум накардаанд. Хусусиятҳои муҳими  тибби замони Сомониён  дар он буд, ки пешгирии бемориро назар ба муолиҷаи он осонтар,  бехавфтару арзонтар ва муфидтар мешумориданд, тибби назариявӣ ва амалии он замон асосӣ илмӣ доштанд.

  Аҳаммияти байналмилалии тибби замони Сомониён инчунин дар он буд, ки таҷрибаи табибони Юнон, Араб, Ҳинд ва Чинро давом медоданд, ҳамчунин, тибби замони Сомониён аз тамоми ҳурофоти мазҳабӣ ва нажодӣ пок буд. Ҳамин хусусиятҳои  тиббии замони Сомониён табибони он замонро дар тамоми олам маълуму  машҳур кард, таълифоти онҳоро  ба сифати таҳкурсии  илми замони муосир  муқаррар намуд. Яке аз барҷастатарин табибони он замон Абўалӣ ибни Сино мебошад, ки  дар мамолики Машриқзамин хамчун Шайхурраис  ва Ҳуҷҷатулҳақ  ва дар Ғарб чун  «Амири пизишкон» ё « Шоҳи файласуфон» машҳур гаштааст.

  Соли 1952 раиси Шўрои сулҳи чаҳонӣ олими шинохтаи фаронсавӣ Фредерик Толио  Кюри дар муроҷиатномаи худ ба халқҳои дунё дар бораи гузаронидани маросими ёдоварии як қатор олимони машҳур, аз он ҷумла  Абўалӣ ибни Сино, чунин гуфта буд: «Ибни Сино ҳакими муаззам, файласуф  ва донишманди кабири олами шарқ буд, тамоми фаъолияти ў бар талаби ҳақиқат ва хирад асос ёфтааст»

   Ибни Сино дар илмҳои тиббу табиатшиносӣ, фалсафа, кимиё, маъданшиносӣ, риёзиёт, адабиёт, нуҷум, мусиқӣ ва дигар бахшҳои илм нақши муассир гузоштааст. Яке аз бузургтарин асарҳои Ибни Сино  дар соҳаи тиб «Ал- қонун- фи-тиб» мебошад, ки китоби сеюми он доир  ба касалиҳои  «хусусӣ»  бахшида шудааст, ки  на  ба тамоми аъзои бадан, балки ба ҷузъҳои ҷудогонаи он ориз мешаванд:  дарди сар ва майна, касалиҳои рўҳӣ, ихтилоли ҳофиза ва хаёл, молихулиё, дучори ҳилол шудан ё лад хўрдани майна,  сарчархзанӣ, бемории саръ, савдои ишқ.

   Муаллифони китоб Ғаниева  М.Т.- и.в мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, н.и.т, Исоқова М.Ҷ. – омўзгори кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, Исрофилов М.О - – омўзгори кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, н.и.т, Тоҷиддинов Т.Б. - омўзгори кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино буда, он дар асоси қарори Шўрои таълимӣ –методии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино барои чоп тавсия шудааст.

Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.

Моҳира Муродова,
Шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.