Дарсҳо аз диншиносӣ
Нашр шуд 2020-01-28 15:16
Китобе бо номи “Диншиносӣ”, ки ахиран дар нашриёти “Маориф” нашр гардид, аз ҷониби Саид Нуриддин Саид, Саид Аҳмадов, Нуриддин Камар, Рустам Назаров навишта шуда, ба сифати китоби дарсӣ пешниҳод шудааст. Муҳаррири масъул доктори илмҳои фалсафа профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода буда, ба он доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назриев Рамазон, доктори илмҳои фалсафа Меҳриниссо Маҳмадова ва доктори илмҳои фалсафа З.Диноршоева тақриз навиштаанд.
Китоби мазкур масъалаҳои муҳими диншиносиро дар бар гирифта, моҳияти динро ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ дар маҷмуъ аз назари илмӣ-фалсафӣ равшан месозад. Дар он назарияҳои диншиносӣ, алалхусус сохаҳои диншиносии муосир-фалсафаи дин, таърихи дин шарҳу баёни худро пайдо кардаанд. Он талаботи методологияи муосири диншиносӣ ва меъёри таълими ин фанро дар бар гирифтааст.
Муаллифон дар муқаддима менависанд: “Диншиносӣ имрӯз ба яке аз соҳаҳои ҷудогонаи донишҳои илмӣ оид ба дин ҳамчун падидаи ҷамъиятӣ табдил фтааст. Шинохти илмии дин дар ним аи дуюми асри 19 оғоз ёфта, дар замони муосир хеле ривоҷ пайдо кардааст”.
Китоби мазкур барои донишҷўён ва онҳое, ки ба масъалаҳои диншиносӣ таваҷҷуъ доранд,тавсия карда мешавад.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.