Ишқ пуле миёни инсон ва Худост ва ин пул дер замоне аст, ки шикастааст. Аз дили ҳар инсон ба сўи Худо роҳе аст, ки розҳо ва ҳақоиқро бевосита метавон дарёфт кард. Башар ин роҳро дар ғубори худхоҳӣ ва худбоварӣ гум кардааст. Мавлавӣ дасти инсони саргаштаро мегирад ва дар байт байти ашъори худ ба ишқ раҳнамоӣ мекунад. Ишқе, ки Мавлоно ба инсон муаррифӣ мекунад, аз таваҷҷуҳ ва дилбастагӣ ба мазоҳири инсонӣ оғоз мешавад, аммо рў ба