Китоби нав: «Методикаи экспертизаи хатшиносӣ»
Нашр шуд 2020-01-28 15:19
Китоби профессор Зумрад Ямоқова “Методикаи экспертизаи хатшиносӣ” барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, аспирантҳо, докорантҳо, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, коршиносоне, ки ба масъалаҳои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ машғуланд, тавсия шудааст.
Дар байни илмҳое, ки асоси омодагии касбии муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, кормандони оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳимоятгаронро ташкил медиҳад, экспертиза мавқеи асосиро ишғол мекунад, ки таҷрибаи мубориза бар зидди ҷинояткориро меомўзад, хулосабарорӣ мекунад, роҳҳо, восита ва усулҳои ошкор кардани ҷиноятро пурра мегардонад.
Экспертизаи судӣ ҳамчун яке аз падидаҳои асосӣ бо мақсади муборизаи бемон бурдан баҳри решакан намудани фаъолияти ҷинояткорӣ ҳамеша аз тарафи олимон мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор мегирад.
Китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ.