Ширкаткунандагон маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар нишасти навбатии худ китоби навсанда Маҷид Салим “Ҳикоёти Бешаи палангон”-ро ба баҳс кашиданд. Маҷид Салим аз муваффақтарин адибонест, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту наботот менависанд. Ва дар ин мавзуъ чандин китобҳо ба нашр расондааст, ки “Ҳикоёти Бешаи палангон” аз зумраи тозатарин китобҳои ӯст.
Мувофиқи тадқиқоти рўзномаи бритонии Independent дар рўйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рўйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тўли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои