Ширкаткунандагон маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар нишасти навбатии худ китоби навсанда Маҷид Салим “Ҳикоёти Бешаи палангон”-ро ба баҳс кашиданд. Маҷид Салим аз муваффақтарин адибонест, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту наботот менависанд. Ва дар ин мавзуъ чандин китобҳо ба нашр расондааст, ки “Ҳикоёти Бешаи палангон” аз зумраи тозатарин китобҳои ӯст.
Ин маҳфил баъд аз зуҳри рӯзи 1-уми октябр дар толори "Ошёни булбулон" - и Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки қатори меҳмонони дигари арҷман Нависандаи Халқии Тоҷикистон, муаллифи пурхонандатарин повесту романҳо Кароматуллоҳи Мирзо ширкат ва суханронӣ кард.
Ҳунарманди маъруфи кишвар Иззат Шарифӣ, муаллимаи мактаби мусиқӣ Бунафша Шокирова, гурӯҳе аз донишҷӯёни Академияи корҳои дохилии кишвар низ аз ҷумлаи меҳмонони маҳфил буданд.
Чун ҳамеша маҳфил аз ҳафт равзаи анъанавӣ: «Афрўза», «Афроза», «Афшина», «Афшона», «Андеша», «Ангеза», «Ангора» иборат буд.
Шаш нафар аз ҷумлаи ширкаткунандагон соҳиби мукофоти пулӣ шуданд. Шоҳҷоиза (500 сомонӣ) ба донишҷӯйи соли дуюми Донишкадаи Давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода Ҳасанзода Ойбибӣ тааллуқ гирифт.
Фирӯза Раҳимова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон