Ин навбат маҳфили «Ҳамешабоҳор» бо иштироки муаллифи суруди миллӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ бо номи “Баҳори устод Гулназар” дар саҳни Китобхонаи миллӣ бо ширкати зумрае аз донишмандон, дӯстдорони шеър ва маҳфилҳои адабӣ баргузор гардид. Шоҳҷоиза насиби хонандаи синфи шашум Эмомалӣ Раҳмонов шуд.
Дар оғози маҳфил хонандаи синфи 9 –уми мактаб интернати мусиқӣ ба номи Миратулло Атоев Фараҳноз Толибова бо як навозиши ғижжак таъби иштирокчиёнро болида намуд.
Шоири маъруф Хайрандеш, ки гардонандаи маҳфил буд, дар бораи устод Гулназар, маъруфияти вай миёни мардум, асарҳо, мавзуъи шеърҳои вай суҳбат кард. Вай гуфт, ки устод Гулназар аз ҷумлаи шоиронест, ки ашъорашро зиёд мехонанд ва шахсест соҳиби шуҳрат миёни мардум. Ҳар касе ақалан боре суруди миллии моро шунида бошад, пас муаллифи он устод Гулназар аст.
Сипас, тибқи анъана бо тартиб ҳафт равзаи маҳфили Ҳамешабаҳор шурӯъ шуд. Равзаҳои «Афрӯза» (китобхонӣ), «Афроза» (шоҳбайтхонӣ), «Афшина» (зарбулмасал), «Афшона» (шакарханд), «Андеша» - (тасвиру ташбеҳ), «Ангеза» (байтбарак), «Ангора» (сайқали зеҳн) пайи ҳам омаданд ва ширкаткунандагону ғолибони ҳар бахш муайян ҳам шуданд.
Шоҳҷоиза насиби Эмомалӣ Раҳмонов-хонандаи синфи шашуми мактаб-интернати шаҳри Душанбе гардид ва 1000 сомонӣ тӯҳфаро соҳибӣ кард.
Ғолибони дигар бахшҳо ҳар кадом ба 300 сомонӣ шарафёб шуданд.
Дар маҳфил сарояндаи хушовоз Сабринаи Мирзо ширкат дошт ва бо таронаҳои дилнишинаш хотири ширкаткунандагонро шод намуд.
Маҳфил ин бор бо ибтикори Шуъбаи кӯдакону наврасон, бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, ҳайати эҷодии нашрияи бачагонаи “Пайрав” ва Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд.