Activities calendar

15 октября 2018

Бонувони китобдори тоҷик

Бино ба иттилои Агентии иттилоотии «Ховар»  Соли 2019 шаҳри Душанбе дармиқёси кишварҳои узви ЮНЕСКО  пойтахти ҷаҳонии китоб  эълон кардамешавад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо инмазмун аз ҷониби ин созмон мактуби расмӣ ворид гардидааст. Дар робитаба ин   мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо муовини директориКитобхонаи миллии Тоҷикистон Салима РАҶАБОВА ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикон аз қадимулайём китобдору китобдӯстдор будаанд. Ин анъана имрӯз низ миёни мардуми мо идома дорад 

Каду: наққошиҳо ва сохтаҳои хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон

Ҷўшоби каду давои сурфа ва дарди сина аст. Афшураи бо равғани гули садбарг омехтаи каду дарди гўшро таскин мебахшад ва барои бемориҳои гулў муфид аст. Табибони халқӣ мағзи дар об пухтаи кадуро барои одамони гирифтори бемориҳои камхунӣ, зардпарвин, сил, ҳангоми қабзият, чун воситаи пешоброн, ҳангоми варами ҷигар ва гурда тавсия медиҳанд. Онҳо бо марҳами мағзи хоми каду ҷароҳату захмҳои сўхтаи пўстро табобат мекунанд, доғи кунҷидак ва гармичаро

Рўзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун...

Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин ва русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хело бошукўҳ бо оростану перостани хон бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргон–и бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо

Гавҳар чист?

Гавҳар, гуҳар, ҷавҳар, марворид, дур(р),  1) моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намуд хои моллюскаҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан  ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳарро ба вуҷуд меорад.

Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ,зардча, баъзан  сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабўтар мешавад. Гавҳари калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи гавҳар  аз нахўд калонтар мешавад. Гавҳарҳои андозаашон хурдро марворид, сурхтоби нисбатан калонашро дурр меноманд. Гавҳарро аз баҳри Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва