Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии муштараки муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо» ва Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон» зери унвони «Кўдакон дар пайравии Пешвои миллат» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар суханони ифтитоҳии худ зимни табрики кӯдакон ба муносибати ин рӯз дар бориа ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳаёти кӯдакон ибрози назар намуд.
Намояндагони литсеи “Раҳнома” як намоиши театриро дар саҳна бозиданд, ки аз чор бахш: расмӣ, фароғат, афсона ва анҷом иборат буд.
Дар ин чорабинӣ адибони кӯдакнавис Юсуфҷон Аҳмадзода ва Азизи Азиз ширкат ва суханронӣ намуда, аз баргузории он изҳорӣ хушнудӣ намуданд. Онҳо пешниҳод карданд, ки чунин чорабиниҳо барои атфол дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар сурат гирад.
Дар охир, аз ҷониби маъмурияти Китобхона ба меҳмонон ва Директори муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо» барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои Китобхона бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ба хонандагони муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо» нашрияи кӯдаконаи “Пайрав” инчунин, китобҳои профессор Сайфиддин Назарзода тӯҳфа карда шуд.
Гуфтанист, ки рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 таҷлил гардида, то имрӯз дар даҳҳо кишвари дунё баргузор мегардад.
Дар Тоҷикистон низ таҷлили ин рӯз бо роҳандозии барномаҳои зиёди фарҳангиву маърифатӣ доир мешавад.
Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи кӯдакон чунин қайд намуда буд:
«Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».
Фарзонаи МИРЗО