Ҷонбозӣ ва ҷиноят
Нашр шуд 2019-10-29 16:30
Роҳи асфалтпўш тамом шуду автомобили «Газик» ба роҳи пурчангу хок баромада тақар-туқуркунон чангу хокро ба ҳаво бардошт. Чангу хоки аз қафои мошин ба ҳаво хеста чун гирдбод печутоб хўрда гоҳо аз мошин қафо мемонд ва гоҳо гўё ба он ҳуҷум мекарда бошад, расидан мегирифт ва онро бо абри чанг мепўшонд. Сару рўи мусофири дар машина нишаста аз гарди роҳ пур шуда, вай шахси аз осиё баромадаро мемонд.
Чанг ба даҳону бинӣ даромада нафаскаширо душвор мекард. Мусофир сулфакунон бо рўймолчааш даҳону биниашро дошта, роҳи чангро гирифтанӣ мешуд ва ба зўр нафас мекашид. Вале чанг ба ҳаво хеста, ба ў маҷоли чашм кушодан намедод. Ҳар замон бо чашмони ба сўзиш даромадааш даст бурда, онҳоро мемолид. Ба болои ин чархҳои мошин чуқурию пастиҳои роҳ бархўрда онро ба ин тарафу он тараф таккон медод. Болои мошин пур аз асбобҳои хониш аз ҷумла, пур аз парта буд.
Мусофир дар партаи охир менишист. Ҳангоми таккон хўрдани мошин сари мусофир борҳо ба партаҳо зада, ҷойҳои зарбхўрдааш ба дард медаромад. Барои он, ки сараш ба партоҳои пешу қафо барнахўрад, ў сарашро ба пеш хам намуда, ба тахтаи паси парта маҳкам часпида буд. Чангу ғубор гирду атрофро печонида буд, ки атрофро дида намешуд.
Ба болои ин ҳама офтоб баланд шуда, ҳаво метасфид. Сару рўи мусофир арақшор буд. Ҷуйчаҳои лойолуди арақ аз сару рўй ба пасу пеши гиребони куртааш мешорид. Чашмонаш аз арақи шўру лойолуд ба сузиш даромада буд.
Ў хомўш буд. Афту андомаш як намуди ғайриодӣ гирифта буд. Мошин ҳамоно тақар-туқуркунон пеш мерафт.
Мошин ба деҳаи Лоҳур расид. Дар канори роҳ истод. Ронанда, ки марди қоматбаланди газгўште буд, бо як чолокӣ аз кабина фаромада, ҳолати бори мошинро диданӣ шуд, ки чашмаш ба мусофири сару рўяш пур аз чангу хок афтод...
Баъд чӣ шуд? Давоми ин қиссаро шумо метавонед аз китоби “Хоки Ватан”-и Нарзулло Тиллозода мутолеъа намоед.
Ин қисса аз ду қисм иборат буда, аз корубори мушкилу тоқатфарсои кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар пайвастагӣ бо рўзгори пуршебу фароз ва заҳмати софдилонаи мардум дар солҳои 1934 – 1937 ҳикоят мекунад.
Китобро шумо аз толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон метаовнед мутолиа намоед.
Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,
мутахассиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.