Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар нишасти навбатии худ китоби навсанда Маҷид Салим “Ҳикоёти Бешаи палангон”-ро ба баҳс мекашад. Маҷид Салим аз муваффақтарин адибонест, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту наботот менависанд. Ва дар ин мавзуъ чандин китобҳо ба нашр расондааст, ки “Ҳикоёти Бешаи палангон” аз зумраи тозатарин китобҳои ӯст.
1-уми ноябр
80-солагии зодрӯзи Оим Абдуллоева (1939), олимаи соҳаи иқтисод.
80-солагии зодрӯзи Баҳром Фируз (1939-1994), шоир, нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
80-солагии зодрӯзи Файзулло Умаров (1939-2008), олими соҳаи математика.
Ниёгони мо яке аз кўҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори «пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи мутаммадину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабу равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро ба мерос гузоштаанд. Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақшаи барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ, дар рушди густариши тамаддуни ҷаҳони сахми арзанда гузоштаанд.