Тақвими моҳ: Ноябри соли 2019

Моҳи ноябри соли 2019

1-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Оим Абдуллоева (1939), олимаи соҳаи иқтисод.

80-солагии зодрӯзи Баҳром Фируз (1939-1994), шоир, нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Файзулло Умаров (1939-2008), олими соҳаи математика.

90-солагии оғози нашри (1929) рӯзномаи русии “Советский Таджикистан”, соли 1931 “Коммунист Таджикистана”, аз соли 1992 “Народная газета” ном гирифт.

2-юми ноябр

135-солагии зодрӯзи Григорий Бройдо (1884-1967), арбоби ҳизбӣ (солҳои 1932-1934 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон).

110-солагии зодрӯзи Мусо Ғулом (1909-1971), шоир.

75-солагии зодрӯзи Аҳадбой Тешаев (1944), доктори илми иқтисодӣ, профессор.

80-солагии оғози нашри (1939) нашрияи “Ведомостҳои Совети Олии Тоҷикистон” (ба тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ). Ҳоло “Ахбори Шӯрои Олии Тоҷикистон”.

3-юми ноябр

110-солагии зодрӯзи Абдураҳмон Бухоризода (1909-1987), забоншинос.

85-солагии зодрӯзи Иброҳим Қосимов (1934), муаррих.

90-солагии зодрӯзи Масъуд Муллоҷонов (1929-2016), адабиётшинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Шӯҳрат Халилов (1959), актёри театр.

85-солагии кушода шудани (1934) роҳи мошингарди Душанбе-Қурғонтеппа.

Рӯзи ҷаҳонии мардон.

4-уми ноябр

75-солагии зодрӯзи Абдураҳим Абдуллоев (1944), олими соҳаи педагогика.

90-солагии зодрӯзи Мира Бубнова (1929-2017), муаррих.

65-солагии зодрӯзи Сардор Раҳдор (1954), шоир.

70-солагии зодрӯзи Абдуҷалил Самадов (1949-2009), арбоби давлатӣ, олими соҳаи иқтисод.

80-солагии зодрӯзи Олимҷон Умаров (1939-1998), журналист.

Рӯзи ЮНЕСКО.

5-уми ноябр

95-солагии зодрӯзи Хушқадам Давлатқадамов (1924-1995), арбоби ҳизбию давлатӣ, файласуф.

100-солагии зодрӯзи Ҷамол Қосимов (1919), олими соҳаи кишоварзӣ, профессор.

95-солагии зодрӯзи Аҳрор Мухторов (1924-2007), доктори илми таърих, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

100-солагии зодрӯзи Эшонқул Нӯъмонов (1919-1992), доктори илми химия, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

90-солагии зодрӯзи Хасан Расулов (1929-2012), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

100-солагии зодрӯзи Анатолий Слонимский (1919), доктори илми таърих, профессор.

75-солагии зодрӯзи Муҳаммадқул Ҳазратқулов (1944), доктори илми фалсафа, профессор.

90-солагии ба истифода додани (1929) роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб.

60-солагии таъсиси (1959), унвонҳои “Механизатори шоистаи Тоҷикистон”, “Заминсози шоистаи Тоҷикистон”. Соли 1989 унвонҳо барҳам хурданд.

6-уми ноябр

85-солагии зодрӯзи Аркадий Завулунов (1934) доктори илми иқтисодӣ, профессор.

70-солагии зодрӯзи Савлатшо Иброҳимов (1949), забоншинос (русӣ).

100-солагии зодрӯзи Гурген Мирзохонов (1919-1986), рассоми кино.

85-солагии зодрӯзи Лочин Нуров (1934), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

80-солагии зодрӯзи Барафрӯз Руштова (1939), китобдор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Шавкат Саидов (1939), доктори илми техникӣ, профессор.

65-солагии зодрӯзи Садриддин Хайриддинов (1954), олими соҳаи химия.

60-солагии зодрӯзи Моёншо Шаболов (1959), олими соҳаи математика.

80-солагии зодрӯзи Шукуфа Эркаева (1939), олимаи соҳаи техника.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон (1994 қабул гардид).

7-уми ноябр

85-солагии зодрӯзи Мусо Диноршоев (1934), доктори илми фалсафа, профессор, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

90-солагии зодрӯзи Темур Мироқилов (1929-2013), доктори илми иқтисодӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

70-солагии зодрӯзи Мавлуда Неъматуллоева (1949), забоншинос.

75-солагии зодрӯзи Мақсуд Расулов (1944), доктори илми тиб, профессор.

75-солагии зодрӯзи Ҳабиб Самадов (1944), файласуф.

60-солагии зодрӯзи Шамсиддин Солеҳов (1959), доктори илми филологӣ.

75-солагии зодрӯзи Фаррух Солиев (1944), олими соҳаи тиб.

105-солагии зодрӯзи Ҷавод Ҳошимов (1914-1980), доктори илми тиб, профессор.

90-солагии таъсиси (1929) ,Театри тоҷик.

Рӯзи гиромидошти хотираи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ – шоир ва муттафакири форс тоҷик.

8-уми ноябр

85-солагии зодрӯзи Нӯъмонҷон Ғафуров (1934-1990), олими соҳаи математика.

100-солагии зодрӯзи Маҳмудбек Нарзибеков (1919-1996), арбоби давлатӣ.

70-солагии зодрӯзи Шералӣ Хайруллоев (1949), арбоби низомӣ, генерал-полковник.

110-солагии зодрӯзи Абулқосим Шарифов (1909-1983), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

9-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Татяна Кузовлева (1939), шоираи рус, мутарҷими осори шоирони муосири тоҷик.

75-солагии зодрӯзи Музаффар Маҷидов (1944), кинорежисёр.

80-солагии зодрӯзи Балаҷон Пирназаров (1939-1997), олими соҳаи биология.

70-солагии зодрӯзи Азимҷон Ҷамолиддинов (1949), рассом.

Рӯзи ҷаҳонии сифат.

10-уми ноябр

100-солагии зодрӯзи Бибизумрад Абдуллоева (1919-1997), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

65-солагии зодрӯзи Мискин Азизӣ (1954), шоир.

60-солагии зодрӯзи Абдулҳаким Розиқзода (1959), доктори илми таърих, генерал-майор.

70-солагии зодрӯзи Илҳомиддин Сироҷиддинов (1949), олими соҳаи математика.

75-солагии зодрӯзи Азизмаҳмад Чоршанбиев (1944), олими соҳаи ҳуқуқ.

95-солагии зодрӯзи Абдураҳим Ҷӯраев (1924-1990), олими соҳаи иқтисод.

Рӯзи ҷаҳонии муҳосибот.

Рӯзи кормандони милитсия.

Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон.

11-уми ноябр

115-солагии зодрӯзи Александр Браун (1904-1982), доктори илми тиб, профессор.

95-солагии зодрӯзи Игор Лопатин (1924-1994), доктори илми биологӣ, профессор.

95-солагии зодрӯзи Додоҷон Пӯлодов (1924-1987), олими соҳаи география.

65-солагии зодрӯзи Наҷмиддин Хурсандов (1954), олими соҳаи тиб.

65-солагии зодрӯзи Шамсӣ Ҳайдаров (1954-2012), киноактёр.

12-уми ноябр

65-солагии зодрӯзи Фарида Аралбоева (1954), олимаи соҳаи иқтисод.

65-солагии зодрӯзи Чилла Бандишоева (1954), актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

110-солагии зодрӯзи Ибодулло Нарзиқулов (1909-1973), иқтисодшинос, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

80-солагии зодрӯзи Розиқ Холиқов (1939), олими соҳаи ҳуқуқ.

13-уми ноябр

120-солагии зодрӯзи Арон Глуховский (1899-1971), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Людмила Чвир (1944), доктори илми таърих.

14-уми ноябр

75-солагии зодрӯзи Ирина Зарифова (1944), олимаи соҳаи биология.

60-солагии зодрӯзи Гулмаҳмад Зокиров (1959), доктори илми сиёсӣ, профессор.

65-солагии зодрӯзи Тоҷиддин Раҷабов (1954), олими соҳаи химия.

110-солагии зодрӯзи Иосиф Ханзел (1909-1985), актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рӯзи ҷаҳонии маҷмӯи иттилоотии географӣ.

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди диабети қанд.

15-уми ноябр

65-солагии зодрӯзи Башорат Бобоева (1954), олимаи соҳаи тиб.

150-солагии зодрӯзи Василий Бартолд (1869-1930), шарқшиноси рус, академик, муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик.

80-солагии зодрӯзи Кабуд Вазиров (1939), олими соҳаи геология.

65-солагии зодрӯзи Мазбудҷон Муҳиддинов (1954), олими соҳаи биология.

70-солагии зодрӯзи Пирмаҳмад Нуров (1949), журналист.

50-солагии зодрӯзи Нурмуҳаммад Одинаев (1969), адабиётшинос.

75-солагии зодрӯзи Наим Сангинов (1944-2009), олими соҳаи педагогика.

65-солагии зодрӯзи Фируз Умаров (1954), актёри театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Мунаввара Ҷалилова (1944), забоншинос (англисӣ).

80-солагии зодрӯзи Гулрафтор Шаҳобова (1939), сароянда.

16-уми ноябр

115-солагии зодрӯзи Паул Керзом (1904-1986), хокшинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

100-солагии зодрӯзи Михаил Кухтиков (1919-1995), доктори илми биологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

80-солагии зодрӯзи Раҳим Масов (1939-2018), доктори илми таърих, профессор, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

80-солагии зодрӯзи Тӯхта Почомуллоев (1939), генерал-майори адлия.

80-солагии намоиши (1939), аввалин операи тоҷик “Шӯриши Восеъ”.

Рӯзи байналмилалии таҳаммул.

17-уми ноябр

100-солагии зодрӯзи Григори Домишленетс (1919-1996), олими соҳаи кишоварзӣ.

80-солагии зодрӯзи Комил Мирзоев (1939), доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

110-солагии зодрӯзи Клавдия Улуғзода (1909-1966), фолклоршинос, мутарҷим.

Рӯзи байналмилалии донишҷӯён.

18-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Носирҷон Азизов (1939), мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

75-солагии зодрӯзи Боймурод Алиев (1944-2012), олими соҳаи математика, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

80-солагии зодрӯзи Симхо Генис (1939), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

105-солагии зодрӯзи Николай Жогин (1914-1987), генерал-майори адлия.

Рӯзи кормандони кишоварзӣ ва коркарди маҳсулот.

19-уми ноябр

95-солагии зодрӯзи Муҳаммад Бобохоҷаев (1924-2003), доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

105-солагии зодрӯзи Боғӣ Ёдгорова (1914-1995), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

120-солагии зодрӯзи Елезавета Крилова (1892-1977), олимаи соҳаи тиб.

70-солагии зодрӯзи Саттор (1949), сарояндаи машҳури эронӣ.

20-уми ноябр

85-солагии зодрӯзи Бобо Акнанов (1934), киноактёри туркман, Артисти халқии СССР. Дар “Тоҷикфилм” нақшҳо офаридааст.

65-солагии зодрӯзи Азиз Ваҳҳобов (1954), сароянда.

80-солагии зодрӯзи Дағи Исмоилов (1939), муаррих.

80-солагии зодрӯзи Эркин Кароматуллоев (1939), олими соҳаи техника, профессор.

80-солагии зодрӯзи Маликнеъмат (1959), шоир, адабиётшинос.

80-солагии зодрӯзи Аноятбек Сулаймонбеков (1949), генерал-майор.

60-солагии зодрӯзи Абдулло Юсуфов (1959), адабиётшинос.

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон.

21-уми ноябр

120-солагии зодрӯзи Пӯлод Бобокалонов (1899-1957), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

50-солагии зодрӯзи Бурҳониддин Гадоев (1969), олими соҳаи ҳуқуқ.

90-солагии зодрӯзи Фёдор Иванов (1929), доктори илми таърих, профессор.

85-солагии зодрӯзи Ғафлат Мирзоев (1934-2000), олими соҳаи педагогика.

Рӯзи ҷаҳонии телевизион.

22-юми ноябр

95-солагии зодрӯзи Додоҷон Пӯлодов (1924-1987), олими соҳаи география.

80-солагии зодрӯзи Елена Ткачук (1939), олимаи соҳаи химия.

80-солагии зодрӯзи Бароҳат Юнусова (1939), олими соҳаи педагогика.

23-юми ноябр

65-солагии зодрӯзи Баҳодур Қориев (1954), олими соҳаи кишоварзӣ.

95-солагии зодрӯзи Соҳиб Табаров (1924-2015), адабиётшинос, мунаққид, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

80-солагии зодрӯзи Анварҷон Шукуров (1939-1992), олими соҳаи геология.

24-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Сӯҳроб Ашуров (1939), олими соҳаи география.

80-солагии зодрӯзи Назира Қаҳҳорова (1939-1984), адабиётшинос.

95-солагии зодрӯзи Маҳмад Раҳмонов (1924-2006), олими соҳаи педагогика.

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон.

25-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Одина Ғуломов (1939-2011), файласуф, профессор.

85-солагии зодрӯзи Достӣ Орзуев (1934-1984), оҳангсоз, мутриб.

60-солагии зодрӯзи Фаридун Ҳодизода (1959), адабиётшинос.

70-солагии зодрӯзи Исмонҷон Юсуфов (1949), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

26-уми ноябр

95-солагии зодрӯзи Пётр Вернидуб (1914-1944), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.

80-солагии зодрӯзи  Галина Папирина (1939), Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

60-солагии зодрӯзи Илҳомҷон Солеҳ (1959), шоир.

70-солагии зодрӯзи Эгамназари Соҳибназар (1949), нависанда.

Рӯзи ҷаҳонии иттилоот.

27-уми ноябр

180-солагии зодрӯзи Ҷамолиддини Афғонӣ (1839-1897), шоир ва арбоби ҷамъияти тоҷиктабори Афғонистон.

120-солагии зодрӯзи Муллорозиқ Бобоҷонов (1894-1968), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

60-солагии зодрӯзи Ниссо Бӯстонова (1959), муаррих.

95-солагии зодрӯзи Солиҳҷон Қазоқов (1924), олими соҳаи кишоварзӣ.

110-солагии зодрӯзи Исидор Ойвен (1909-1972), доктори илми тиб, профессор.

28-уми ноябр

85-солагии зодрӯзи Ато Додоев (1934), собиқадори матбаа, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

85-солагии зодрӯзи Иброҳим Маҳмадҷонов (1934), сохтмончӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиӣ.

65-солагии зодрӯзи Равшан Раҳмонӣ (1954). доктори илми филологӣ, профессор.

70-солагии зодрӯзи Мирхолиқ Солиев (1949), олими соҳаи кишоварзӣ.

29-уми ноябр

80-солагии зодрӯзи Маргарита Ведяева (1939), олимаи соҳаи техника.

125-солагии зодрӯзи Ҷӯра Зокиров (1894-1929), иштирокдори фаъоли барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон.

50-солагии зодрӯзи Ирина Флипушенко (1969), олимаи соҳаи тиб.

30-юми ноябр

75-солагии зодрӯзи Зариф Ғулом (1944), нависанда.

125-солагии зодрӯзи Олга Пижова (1894-1972), коргардони театр, педагог, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

125-солагии зодрӯзи Ҳикмат Ризо (1894-1990), гуруғлихон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

90-солагии зодрӯзи Давид Фелдштейн (1929-2015), доктори илми психологӣ, профессор.

80-солагии таъсиси (1939) Грамотаи Фахрӣ ва Грамотаи Президиуми Совети Олии Тоҷикистон. Соли 1991 барҳам дода шуд.